Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Андар замираш ангезе пайдо шуд, надонист чӣ бикунад. Башитоб назди асби гардунакаш рафт, то инонаш кашад сўйи саро, аммо шукўҳи шоҳиаш иҷозат надод.
Ба худ омад ва фармуд: «Гардуна назди пардасаро бикашед!»
Ишорайи ўро пай бурданд. Гардуна ба дари саропарда оварданд. Бонуву модарашро ба боргоҳи шоҳӣ дароварданд... ва баъд шоҳ Искандар ҷабҳаву хаймагоҳро аз назар гузаронида омад ба дари саройи амонат ва рухсат дод ёрону ҷондоронро.
Сипаҳсолор ба овардани гардуна шарик нашуд. Онҳое оварданд, ки хешро ширин карданӣ шуда, на танҳо ба ҷилави асб часпиданд, гардунакашро аз гардуна фуроварданд, балки шотуву қурси гардунаро даст бурда, тела медоданд ва монда, ки рўйи даст бардошта бубаранд.
Оварданду гузоштанд гардунаро ба дами саро. Сиёҳмушкини муҷалло, ки гўйӣ аз тораҳойи мўйи маҳинаш равған меборид, тан ларзонду бинӣ афшонд. Одаташ буд, ки аз манзил то манзил расад ва агар он ҷоро хуш донад, бинӣ афшонад, агар хавфу хатарро бўй гирад, сайҳа кашад. Чун бинӣ афшонд, дар дилу дидайи Барзин донайи умед кишт. Ў чашм кушод, ки расида ба манзили мурод. Табассум кард. Модар дид табассуми тифлонаашро, дид рўҳи болидаашро, хушҳол гашт. Ба онон, ки гардунаро дойира гирифта буданд, аҳамияте надод, чизе нагуфт. Нигашт пасрў, то шоҳро пайдо кунад. Сояҳойи дарози хаймаҳо табассум дар хами лабонаш шикастанд, ки деру ногоҳ шавад ва шоҳ Искандар парвойи назди ў омадан накунад. Гунааш дигаргуна гашт: нохуш ва рангпарида. Чунин ҳолати духтарро низ модар дид, чеҳрааш пажмурид ва беихтиёр ҷунбид.
Сиёҳмушкин боз бинӣ афшонд, ҳолати духтару модарро дигар кард. Ва Барзин ба ёд овард, ки шоҳ гардунаро ба дари пардасаро бубаред, гуфт, аммо чизи дигар нафармуд. Ў маҳз ҳамин фармони Искандарро нигарон буд, то чӣ ояд.
Чокарони гирди гардуна чашм сўйи шоҳ буданд, то чӣ фармояд. Шоҳ Искандар солорона гом бардошта, ҳама чизу ҳама касро аз назар гузаронида ба хаймаҳойи дуру наздик рафта, гоҳ аз назари Барзин ғайб зада ва гоҳ шоён гашта, гўйӣ бепарво гардиш дошт.
«Барзин хуш наомад ба шоҳ» аз дил гузаронд модар. Зеро эҷод карда буданд, ки Искандар адолатпеша аст, ба зарру хостайи душман, ба зану фарзанди он коре надорад; ў кишваркушост, хирадманд, накўкор ва оламгир бувад.

пешина
аз 390
навбатӣ