Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

андозае, ки аз ҳолат бурдаш ва худро пас кашид: «Ҳеҷ гоҳ бахти хуш бо ман ҳамроҳ набуда» аз дил гузаронд, вале модари таҷрибаандўхта аҳвол пай бурд ва дошташ:
— Осуда бош! Шоҳ ситоранек тобад, газанде аз ў нарасад.
Чун Барзин пай бурд, ки лаҳзае баъд нигоҳҳойи эшон ба ҳам бархўрда чун ситораҳойи шишагини ба ҳам омада шикаста пош хўранд ва сўхта хокистар гарданд, чунон ки дар хоб дида буд, оламро мунаввар гардонанд, ҳама чиз рўшану аён гардад, мардум ба зани сиёҳпўши ишқбоз ханданд, худро пас кашид. Барзин ҳанўз аз худ бурун нарафта буд, балки дилмонда аз одаму олам ба ҳама чиз ба нафрат менигарист, ба хусус ба бедодиҳо, дастандозҳо, куштору сўхторҳо. «Ҳайвонҳо беҳтаранд аз инсонҳо: даранду хўранду раванд. Ба вайронӣ кор надоранд... Нахустодамро аз нав бибояд сохт, то хатояшро ислоҳ кунад».
Ва якбора ба назараш шоҳи ҷавон ба нахустодам бадал шуд, чашмаш ба чашми Барзин бархўрд, вале чун ба Ҳавво хиёнат намекард, сўйи ў нигоҳи шаҳвонӣ наандохт, балки ба сипаҳсолор супурдаш. Сипаҳсолор хуш пазируфт, ўро накушт, балки ба хаймайи хеш даровард, то ком бардорад. Барзин зиддият кард, сипаҳсолор шамшер охт. «На-а-а!!!» дод зад Барзин ва ба худ омад.
Модар тарсида ба ў нигарист. Шоҳ Искандар бишунид. Онсўтар сипаҳсолор як қад парид. Модар даҳони Барзинро дошт. Ва шоҳ ишора ба ҷондорони хеш кард, то гардуна дойира бигиранд.
Чун пардайи гардуна бардоштанд, зебосанамеро диданд, ки рўйи дасти модар такя бар ў дорад. Ба чунин ҳусну малоҳат як сарпечи порайи сиёҳ ба сар андохта, ки шабу моҳи тобонро монад... Шоҳ ҳолатро дида аз эшон чизе напурсид, балки ба сипаҳсолор нигарист. Маънийи нигоҳи ўро Пармониён фаҳмид, аз ин рў тозон омад ва шарҳ дод:
— Инҳо модару духтар, аз тухмайи сипаҳсолори Порс Ортабоз гўянд. Чун духтар носолим аст, сухан гуфта натавонад; замони сухан забон ба комаш часпад... раво надонистам ба шоҳи ҷавонбахт гуфта табъашонро нохуш гардонам.
— На, шоҳам, – сухани сипаҳсолорро бурид модар. – Ў тандуруст ва гўёзабон буд. Чун дар ин ҷангҳо тарсид, забонаш гирифт кард. Ва ҳоло ки боз тарсида, шояд забонаш кушода шавад...
Шоҳи баҳуш Искандар чун дусуханӣ шунид, ба андеша рафт.
Оне баъд сахт нигарист ба сипаҳсолор. Чунин нигоҳ дар як муддати кўтоҳ шоҳро одат шуда буд: росту дурўғи мусоҳибро аз чашмони ў мехонд. Вале гурги борондида Пармониён, ки ҳама гуна одату ҳолатҳойи инсониро медонист ва омўхта буд, чашм аз чашми шоҳ наканд. Ва шоҳ имон овард, ки сипаҳсолор ҳамчунон вафодор аст.
Пасон Искандар ба духтари ба сари синайи модар такязада нигарист, сапедийи ба тухми нимдумбул монанди ғабғабаву занахдони бонуро дида ва бо порайи сиёҳи сарбанд ҷанг кардани он сапедиро мушоҳида карда аҷабаш омад, чеҳрайи зебойи ўро дар хотир гирифт, як назар ранги коҳидайи модарро низ дид ва тарҳи базеби рўю абрўяшро ҳамчунон дида чаронд, монандийи модару духтарро дар хотир гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор