Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Чаро шоҳи мағрур ҳол напурсид? – бо садойи паст пурсид модар, то аробакаш нашунавад. Вале мардак ба пас нигашт ва модар донист, ки паст нагуфта. – А, Бадрия, корвон куҷо равад?
– баройи донистан, ки ҳарфи ўро шунидааст ё на, пурсид модар.
— Ба Димишқ! – пасрў гашта посух дод барда ва хост низ чизе пурсад. Чун модар хомўш монд, нафорид ба гардунакаш, ки сурфид. Баъд андеша кард, ки хомўш мондани ў хубтар аст.
Зеро аз ҳаяҷони зиёд назди Барзин пўкад ва асрор ҳувайдо созад, хуб нест. Сайиба Барзин ранҷад. Гардунакаш ин чизро нахоҳад. Гардунакаш нахоҳад, ки касе ба ў ҳарфе гўяд, ўро аз гардуна зер оварда, они худ гардонад. Аз рўзе, ки бева монда духтар бардайи мазанг зери чашм дорад ўро, вале аз модараш тарсад.
Бонуйи отинӣ, ки Ортабози порс ба сад орзу гирифта будаш, оқибат кӣ будани бардаро дарёфт ва пинҳонӣ бозӣ мекард. Ва муомилаҳойи хуби модарро Барзин дида пиндорад, ки хидматашро қадр кунад. Зеро хидмати ғулом самимӣ бувад ва модар ўро кори сахт нафармояд. Барда гоҳе паҳлўйи модар дар айвони гардуна нишинад, гоҳе бар зин. Ва духтар мушоҳида карда, ки модар ҳини сухан гоҳ-гоҳ даст пушти дасти чокар гузорад ва ҳаловат барад.
Ба пиндори Барзин ғулом аскар (бетухм) бувад, модар аз рўйи шафқат даст бар дасти гурдунакаш гузорад, то дилаш бардошта шавад, ки гардун чӣ офатҳо ба сари ғуломон орад. Баройи ба сари дороён балое наоварданашон ахта кунанд ғуломонро чун хоҷасароён. Вале аз қазо ё амри тасодуф гардунакаши мазангро чунин офати мардӣ пеш наомада, миёни бардаҳойи сиёҳбахт бахти хуш ёвар гашта, аммо ин барда хушбахтийи хешро ба касе изҳор карда натавонад ба ҷуз Катоюн. Катоюн баъди марги Ортабоз аз ғуломи мазанг бор гирифт. Ҳар чӣ шуд, андаруни гардуна шуд: он рўз ғулом мегирист ва аз бону илтиҷо мекард, ки раҳояш кунад, бону мепурсид, ки магар зиндагӣ бар ў сахт омада? Ғулом посух медод, ки ў бояд биравад ва зиндагӣ соз кунад, зеро ў марди комил аст ва тухмаашро идома диҳад.
Катоюн аввал шубҳа кард, пасон ба андеша рафт ва пурсид:
— Чун буд?
Барда гуфт:
— Қатори ғуломони кашидахоя ман низ даст бар пеши худ дошта миён дуто мекардам, ки аз ранҷ шиканҷа мекашам, дар сафи онон маро низ як сў заданд. Дар асл ман аз тарс даст бар он ҷо медоштам, ки лаҳзае пас маро низ ба ахтагоҳ баранд ва қассобон халтайи маро чок карда, тухмҳо кананд, ё мурам ё нимодам монам...
Барда хомўш монд, то ҷавоби ҳикояти бепардайи ў чӣ бошад.
Бону низ хомўш буд. Ғулом гумон дошт, ҳолиё бону фарёд занад ва ўро ба дасти қассобони одамӣ супорад, ки дар ин роҳи тўлонӣ кушишҳойи эшонро кам надида.

пешина
аз 390
навбатӣ