Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Вале бонуйи танҳо, ки умеди шўйи дигарро надошт ва духтараш ҳамроҳи Ментор андар гардунайи дигар айш дошт, дарозо ба андеша рафт ва ба хулосае омад, ки ғулом бояд ҳамроҳи ў бимонад... Ғуломи сиёҳ он шаб гардунаро ларзонд ва Катоюн бор гирифт. Ва пушаймон шуду тарс хўрд. Ба ҳеҷ илоҷ бачча напартофт, пасон зок хўрду афгона кард...
Ғуломи маззахўрак ҳоло ҳаваси Барзини зеборо мекард, вале намедонист чӣ гуна аз чашми Катоюн хато карда ба хуби хубон роз гўяд. Зеро ғуломро хавфи таҳдиди модар ҳаст. Вале эҳтиёткор аст, ки Барзин агар бо Искандар биомезад, боз Катоюн чирадаст гардад.
Корвон мерафт сўйи Димишқ ва дар сари Бадрияйи гардунакаш ҳазору як андешаву хаёл буд. Духтару модар хомўш буданд ва ҳарду якранг андеша доштанд, ки чӣ кори кардайи шоҳ Искандар.
На зану фарзанди адўро ба шиканҷа кашад, на чизе гўяд, на наздик ояд. Ба назари онҳо дидаву дониста чунин рафтор кунад, то хуб ба танг оянд, пасон ба забон. Бо вуҷуди он гаштаву баргашта нигаранд ба пас. На аз Искандар дарак ҳаст ва на аз сипоҳи ў.
Вале ғуборе андар дуродур печад ба фалак, гўйӣ шаҳреро оташ заданд. Чун дар пас шаҳре набуд, модар ҳайрон монд ва пурсид аз гардунакаш:
— Он чӣ дуд бувад?
— Дуд набувад, бону, ғубори суми сутурон!
— Пас шоҳ Искандар маҳмез занад бораашро?
— Шояд... Аммо чӣ ҳосил?
— Чӣ гуна? Чӣ гўйӣ?
— Орзуйи даррасидани шоҳ Искандарро накунед, бону... Аз ў ҷуз зиён чизе нарасад. Ў душманро ва зану фарзанди ўро сахт бад бинад ва аз рўйи шунидаам, ба шиканҷа кашад.
Модару духтар ба ҳам нигаристанд аз ҳайрат ва надонистанд чизе гўянд ба гардунакаш. Модар, ки муттаҳам буд, забон газид, вале духтар, ки умеди зиёд дошт, арбада кард:
— Туро ба шиканҷа хоҳад кашид, мазанг... Магар нашунидайӣ, ки Искандар одилтарин шоҳи кайҳон аст. Ва то Искандар шоҳе нарўйида, ки ба душман дод карда бошад...
— Бале, бонуйи ҷавон... Шумо нагузоштед, ки ман шунидаҳоямро идома диҳад... Дар ҳаққи Искандар гуфтайи шуморо низ гўянд...
— Ҷойи баҳс набувад, Бадрия. Девор муш дорад, муш гўш...
Бод набарад ба гўши шоҳ Искандар ин ҳарфҳоро? – Катоюн нахост моҷарое хезад аз баҳс.
— Бону!... Духтари шумо дуруст гўянд, ки Искандар бодод аст, аммо Курушро нашунида, ки ҳатто ба яҳуд раҳм карда ва ўро аз шиканҷа раҳо дода...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор