Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барзин кинояйи ғуломро дарёфт ва ғазаб кард, вале ғазабаш аз сару синааш берун нарафт. Танҳо дар худ мехурўшид, ки агар замони хонадориаш бо Ментору Мемнон буд, чӣ кардӣ бо ин беодоб. Модару духтар зиёд гашта буданд бо бардайи Бадрия, вале надида буданд, ки ў киноя зада бошад ва ё сухан ду карда бошад. Сахт расид ба духтар.
— Куҷойи ин мазанг ба ту хуш омада? – лаб ба баногўши модар оварда пурсид духтар.
Катоюн табассуми нозук кард, ки духтараш ба чӣ ишора дорад, вале зуд андар лабонаш шикаст табассум. Надонист чӣ посух диҳад. Барзин надид табассуми ўро, балки ҳайраташро дид ва пай бурд, ки модарро дар ҳолати нобоб мононд. Баъдтар хешро ба даст гирифта аз вазъи ногувор баромад модар:
— Хидматгори беминнат.
— Албатта ба ғуломи дигар иваз кардан нахоҳӣ?
Катоюн боз хомўш монд, ки духтар мисли модаршў ҳарф занад бо ў. Дарунаш ғулғула кард. Оташ гирифту тафсид ва оҳиста гуфт:
— Бирон гардунаатро, Бадрия!
Бадрия ба ҷойи он ки амри ўро ба ҷо орад, худро аз пушти зин ба замин андохт ва равон шуд ба сўе.
— Куҷо биравӣ, Бадрия?! – хитоб кард Катоюни парешон.
— Ман дигар ба шумо лозим нестам! Духтаратон Барзин малика хоҳад шуд ва ғуломи дигар хоҳад гирифт.
— Духтарам малика шавад ҳам, ман чун модари малика хоҳам монд, Бадрия! Баргард ва гардуна бирон, мо аз корвон мондем.
Магар надонӣ, ки моли аз рама мондаро гург хўрад?
— Шумо чунин харфҳоро ба духтаратон Барзин бигўед, Катоюн... Ман донам дилу нияти шуморо...
— Пас чаро маро тарк гўйӣ?
— Ман нафоридам Барзинро.
— На, Бадрия, Барзин ҳоло парешон аст. Диранги ту ўро нафорид. Ў олуғда гашта. Зудтар хоҳад бирасад ба Димишқ.
— Пас лигом бизанад асбро!
Ва модар посух надода, асб биҷунбид ва ба роҳ даромад. Модар худро аз гардуна пас андохт, то боздорад онро. Гардуна бирафт ва модару гардунакаш бимонданд андар роҳи Димишқ. Модар вайла дошт: дастак мезад ба сари зонуҳо ва менишасту мехест.
Аз паси гардуна нигашту тохтани онро нодарёб дид. Ва ғазаб кард бардаро:
— Чӣ коре кардӣ?
— Дигар роҳи озодиву як ҷо шудани мо набуд, бону! Дарнаёфтӣ, ки духтарат асрор ҳувайдо бикунад ва маро куштанӣ барад. Дар ойини ғуломӣ чун ман ғуломе набояд бошад. Ҳатто дар афсонаҳо набуда.

пешина
аз 390
навбатӣ