Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Ту, Бадрия, бардайи мазанг, – сўйи гардунакаш чашмак зада фармуд Катоюн, – забони сурхатро нигаҳ дор! Барзин раҳми туро хўрда суханҳойи каҷи туро рост кунад, то сарат барбод наравад.
— Ай модар, ман нахоҳам, ки ин аробакаши кўрнамак шоҳеро аз Искандар боло гузорад.
— Бале, духтарам, ман низ нахоҳам... Лекин дониста бош, ки барда шоҳеро аз Искандар боло нагузошта, балки гўяд, ки Куруш ном шоҳе гузашта, ки низ одил буда.
— Ман, ки хурд нестам, ин мазанг чӣ гўяд ва дар дил чӣ андеша дорад, фаҳмам.
Бардайи тагаш тар як қад парид, вале модар сирр надод, балки духтарро насиҳат карданӣ шуд:
— Кас бо хидматгор чунин муомила накунад, Барзин, ғазаби худо ояд. Мо ҳам офаридайи худоем, ў ҳам.. Бо хидматгор хушмуомила бояд буд.
— Ту бо ў хушмуомила ҳастӣ, бас бувад, модар...
Модар лаб фурў баст, ки духтар ба чӣ ишора кунад.
Пайдост, ки аз асрори эшон огоҳ. Оҳиста гулў равшан кард Катоюн. Духтар дар ҷойи нишаст ҷунбид. Гардунакаш ҷилави асп таранг кард. Модар рамуз гирифт, ки ҳолате рух диҳад, аз ин рў ба барда муроҷиат кард:
— Ҷилав бизан, Бадрия, шоҳ Искандар мерасад!
Ғулом гўйӣ нашунид ҳарфи ўро, аммо Барзин ҳарфи модарро рост дониста гардани баёзашро афрохт ва тоб дода ба пас нигарист. Сарбанди порайи ў бар дўш афтода буд.
— Чаро чунин гуфтӣ, модар?
— Чун гуфтам?
— Дурўғ гуфтӣ!
— На, Барзин, дурўғ набувад. Агар боз лаҳзае диранг кунем, шоҳзода хоҳад расид. Он гоҳ гардунайи мо ба суми асби ў нахоҳад гашт. Мо бояд пештар ба Димишқ расем ва ту омода гардӣ...
— Омода ба чӣ?
— Ба базм.
— Чӣ гуна базм?
— Базми арўсӣ!
— Хоб дидӣ, модар?
— На. Хоб набувад... бедорӣ. Магар аз нигоҳи шоҳ Искандар дарнаёфтӣ? Агарчӣ ду шавҳар дидӣ, рафтору ҳаракоту нигоҳи мардро рамуз нагирӣ...
Барда лигоми асб бозкашид ва гардуна боздошт: «Дуррр!»
Ҷилав Барзинро дароз кард: «Бигир ва тозона бизан! Вагарна дер хоҳӣ монд! Шоҳ Искандар бо дигар роҳ рафта. Туро пешвоз хоҳад гирифт. Бигир! Бигир!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор