Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Яъне, ба пиндори Бадрия, Барзин ба Искандар хоҳад расид ва Искандар аз дасти Барзин кушта хоҳад шуд?
— Оре!
— Агар Барзин зани Искандар бишавад, ман аз эшон хоҳиш кунам, ки Бадрияйи бардаро сарраммол хонанд.
— На, бону, ғуломи сиёҳро дар ин кор бўя набувад. Ў ба муроди хеш расида ва хушбахт аст, ки дар нимароҳи озодӣ бо хубтарин бонуйи дунё тан ба тан монда... Ва... ва касе бовар накунад, ки ғуломи ахтаву аскар бо бонуйи накўкор коре карда тавонад.
— Ҳатто Барзин ҳам? – танҳо ба бовар кардан ва ё бовар накардани дигарон таваҷҷўҳ карда пурсид Катоюн.
— Агар бону чизе нафаҳмонда бошанд.
— Агар нафаҳмонда буд, Барзин моро дар ин саҳройи бекас танҳо нагузоштӣ ва осемасар тозиёна бар Сиёҳмушкин назадӣ.
— Агар чунин аст, биёед бероҳа шавем, бону. Ин замон сипоҳи мақдунӣ даррасад ва моро рўйи хуш надиҳад.
— На! Бояд ба Димишқ биравем... Он ҷо базми кадхудойӣ хоҳад шуд.
— Агар равем, баъди убури сипоҳи Рум бояд биравем...
— Чаро баъд?
— Бону, ман нахоҳам, ки шумо ба чашми гургони гурусна дучор шавед! Онҳо маро кушанд, шуморо хўранд.
— Ифрот накун! Онҳо, ки гетерҳойи нозанин доранд, мани пирро чӣ кор кунанд?
— Кӣ гуфта, ки шумо пиред, бону? Шумову Олимпиада пир нахоҳед шуд. Тарси ман аз ҳамин аст, бону... Ва донед, ки гетерҳойи нозанин баройи ҳама нестанд, баройи шоҳ, баройи «дўстон» ва сипаҳсолорон... Испоҳи гушна шуморо аз ман рабоянд ва худо донад он гоҳ чӣ шавад...
— Чӣ шавад?
— Буд-набуд ман шуморо бо осонӣ аз даст надиҳам. Талоши маро дида беандеша маро сар гиранд ва шуморо баранд... – чунин гуфту хомўш монд Бадрия, то чӣ хезад аз забони бону. Бону ба андеша рафт. Гуфтор ва рафтори ғуломро аз назару зеҳн мегузоранд ва шўхиаш омада фармуд:
— Мехоҳам бубинам...
Ғулом ҳайратзада даҳон во дошт ва дида ба чашми бону дўхт:
— Мехоҳед бубинед, ки маро чӣ гуна сар зананд... Чӣ гуна пўст кананд... Ё асрор дониста чӣ ранг ахта кунанд... ва чун тухмҳойи кандайи маро пеши саг андозанд?
— Тухмҳойи туро саг нахоҳад хўрд, Бадрия!
Посухи ногаҳонӣ ва ғайричашмдошт ғуломро карахт кард.
Чашмони сапедиаш дар иҳотайи пўсти сиёҳ ва мардумаки мешӣ равшан пати мурда гирифтанд ва маъниеро ифода намекарданд.

пешина
аз 390
навбатӣ