Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бону чун дарёфт, ки ғуломи меҳрубони ў хафа гашта ва ёройи пурсу посух надорад, ўро оғўш кард:
— Тухмҳойи ту аз они мананд, Бадрия...
Вале ғулом ба худ наомада буд. Китфи бону зери манаҳаш даромада, андаке мебардошт. Чашмони карахти ў ба меғе бархўрд, ки миёни саҳро боло шуда буд чун дарахти азим. Вуҷудаш ларзид.
Бону аҷаб кард, пурсид:
— Чӣ шуд?
— Бубинед чӣ ғуборе боло шуда. Бояд бигурезем, бону!
— Ба куҷо? Магар саҳро паноҳгоҳе дорад?
— Канортар биравем, шояд пайдо шавад!
Ва канортар рафтанд. Бардайи сиёҳ миён дуто карда, бонуро дар паҳлўйи рост гирифта мерафт, то ду тан буданашон ба чашмҳо нахўрад. Ҳолиё дарёфт, ки рўйи сабзаҳо равад. Ташвишу парешонӣ ва хавфу хатари марг ва пати ғуломӣ нагузошта буд, то барда зебойиро бубинад ва ҳаловат барад. Лолахасакҳо ва почайи зоғаки бунафшранг ҷо-ҷо мурғак мерафтанд. Пойҳойи эшон ҷўя мекашид миёни сабзаву гулҳо ва домони бону мола мекард.
— Бону!
— Бифармо!
— Табиат шуморо пойандоз густурда... Ва ман... ҷуз ҷонам чизе надорам... то... – гуфт барда ва хештан пеши пойи бону андохт.
— Бархез, Бардия! Бе ин ҳам пургуноҳ ҳастам.
— Бону! Бонуҷон! Андар ин олам ҷуз шумо касе нест маро!
— Пас бояд ҳарфи маро ду накунӣ, бояд бархезӣ!
Ва бархост барда: аз рўйи пойи бону даст-даст карда, то сару синаву дастонашу китфонаш масҳ кашида, ба танг гирифт ва майли рўйи сабзаҳо афкандан дошт, ки бону зинҳор кард, то осуда бошад.
— Осема мабош, Бадрия! Ҷуз мо касе нест ин ҷо... Замони дуздӣ гузашт. – Гардан ва китфону шонайи бардаро масҳ карда ва сойиш дода гуфт бону ва бештар ҳаваси ғуломро ангехт.
— Бону, дилам гувоҳӣ диҳад, ки дастгир шавем... Пеш аз мурдан хоҳам аз бону сер бишавам.
— Ман гумон доштам беҳтарин лаҳзаҳо лаҳзаҳойи дуздӣ буд ва ту аз ман сер шудайӣ...
— На, бону, лаҳзаҳойи дилзаниву тарсу ларз буд. Ҳавас буд, нафас буд. Он гоҳ мехостам оташи диламро паст кунам, нафсамро қонеъ гардонам... Лекин ширин буд ва ҳеҷ ширинӣ ба он баробар нахоҳад шуд...
— Медонам, Бадрия, акнун ба дилат занам... ҳолиё чун мол дар дасти ту ҳастам ва ҳар коре хоҳӣ бо ман бикунӣ.
— На – бону, шумо баройи ман мол нестед. Ҳанўз ҳам мисли дурдонаед, ки аз қаъри дарё бояд рабуд, – тангтар кашид ва гармийи тани бонуро дар тамузи саҳро эҳсос кард.

пешина
аз 390
навбатӣ