Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чаро ин қадар бону Ортобози сипаҳсолор ва ҳама мардонро наҳ зада, хешро ба ғуломи сиёҳи нодилкаш ҷафс мекард ва мефармуд, ки дар дунё мардтар аз ў касе нест. Ҳолиё бо садойи баланд ба оламиён фаҳмонданист, ки аз ғуломи сиёҳ безор аст. – Он ҳама бозӣ буд бону?
— Оре, бозӣ буд...
Кўтоҳ буд посухи бону, вале аз дили ғулом як синони сарди нофор гузашт ва он қадар тўлонӣ буд, ки намегузошт барда ба худ ояд ва ўро ҷон ситонад. Баъд олоти сард ба оташ бадал гашт ва дилу саропойи ўро сўхт. Арақ пахш кард ва надонист чӣ бикунад:
ўро чизе пурсад, бикўбад ва ё бикушад. Заковат кард, ки бону аз алам ва ғазаб мегўяд чунин.
— Аз ростӣ гўед, бону?
Бону посух надод, балки ба андеша рафт: «Чӣ шавад, ки ғуломи озод маро бикушад ва биравад ба чаҳор сў?».
— Бону, ман дар назди шумо нописанд шудам?
Боз посух надод бону ва яқин мекард, ки ғулом омода мегардад ба кушти ў.
— Бону! Ман азизтарин будам-ку?!
— Оре... будӣ... Бадрия.
— Ва ҳолиё нестам?! – гулўйи бонуро қабза кард ва бону гўйӣ ба мурдан розӣ буд, ки гуфт:
— Ҳаргиз дўст надоштам... Аз ҳама чиз таъмин будам. Ортобоз вақте надошт, ки бо ман сарф бикунад... туро хостам... Васваса буд... Васвасайи шайтонӣ...
— Ва ман бозичайи дилхушии ту будам?! – қабзаро танг оварда ва аввалин бор «ту» гуфт бонуро.
Бону дарёфт, ки шўхӣ набошад рафтори ғулом. Гарданак назад ва талвосайи раҳойӣ низ накард. Чунон ки ба тақдир тан дода бошад.
Ғулом пай бурд нияти бонуро ва худ аз худ қабза суст гашт.
Вале аз ҷониби бону ҳаракате, кўшише нашуд ба раҳойӣ. Чунин рафтори ў ба ғулом хуш омад, аз рою феъли бадаш гашт ва беихтиёр рўй бар рўйи бону ниҳод. Бону ҳанўз ҳам ором, сокит ва тандода буд.
— ...ва ҳамааш дурўғ буд? – ба суолаш посух нагирифта боз пурсид аз бону. – Маро дўст доштӣ, зиндагиат бе ман рангин набуд...
— Ҳамааш рост буд, – базўр гуфт бону ва чун ҷуволи холӣ фурў рафт. Бадрия пиндошт, ки пеши пойи ў ғалтид, аммо бону аз бемадорӣ афтида буд ва наметавонист ба чизе кор дошта бошад.
Ғулом низ кордор нашуд ўро, чунон ки мурдан ва ё зистанаш аҳамияте надошта бошад. Гом бизад сўйи ташт ва худро ба сабзташт андохт тифлона. Сабзаву гулҳоро сум зад, чунон ки бузи кўҳӣ пеш аз хоб ҷой тоза кунад.

пешина
аз 390
навбатӣ