Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Вале бими хазандае ва ё газандае аз вуҷудаш нарафта буд. Мурғак дамид дар пўсташ. Бепарво вонамуд кард, ҳарчанд ки касе аз ҳолати рўҳийи ў огоҳ набуд ва намедид. Аз бону пинҳон медошт, то тарсуйиаш ҳувайдо нагардад.
Ҷой тоза кард, сипас нишаст. Зону оғўш карда нишаст, ки ҳамсухан набошад бо Катоюн.
Катоюн аз дер хомўш мондани ғулом маънӣ кашида, гўшайи чашм кард. Сар бар сари зону ниҳода буд.
Бону андешае аз дил гузаронд, аз андешайи хеш нерў гирифт ва оҳиста бархоста рафтанӣ шуд. Бедор донист ғуломро ва яқин кард, ки аз чанги ў дур рафта натавонад, садо дардод:
— Шод бош, Бадрия!
Бадрия шунид. Шўхӣ пиндошт ва сар набардошт. Айёме гузашт ва аз хомўшӣ бим кашида нигашт сўйи бону. Бону рўй бар роҳи калон дошт. Беҳанг шуд барда ва натавонист бихезад.
— Бону! Истоед! Сипоҳи Рум намуд! Рўзамон сиёҳ хоҳад шуд!
Ва нашунид бону. Хашм гирифт барда ва ҷасту хесту тохт.
Ўро дарёфту оғўш кард ва ҳарфе нагуфта бар дастон гирифт ва гом зад бозпас сўйи сабзташт.
Аз гармо аллакай сабзаҳойи сумзада пажмурида буданд. Чунин манзара табъи ғуломро хира кард, ки бонуро рўйи сабзайи тару тоза намехобонад, гўйӣ толоб хушкида гилобе монда, ки лойхўракҳо ҳар сў танида, нозебо карда...
Барда даромад даруни ташт ва дилёб нашуд бонуйи зеборо бар замин гузорад, балки зону қат карду нишаст ва бону рўйи дастон буд. Медошт чунон, то озоре набинад. Ва бону чунин мехост, ки хомўш буд, то барда чӣ кунад...
Ва бўйид барда; бўйид пушти гўши ўро ва нармайи гўшаш бигрифт байни лабон ва сойид ба нўки забон. Бону хуштарин лаҳзаҳойи умри хешро ёд овард ва пиндошт хубтаринаш ҳолиёст.
Музтарибҳол гашт, ба ҷунбиш омад ва даст ҳалқа гардонд бар гардани ғуломи сиёҳ. Раги хоми бонуро ёфта буд ғулом. Бону низ ба даҳан задан оғозид: лаб, рўй, гўш ва тораҳойи мўйлаби ў ба даҳони бону меомаданд, ки гоҳи ба ваҷд омадани зан чунон мешуд. Об шуд бону, дасту пояш суст гашт. Танҳо лабону забонаш ҳаракат доштанд, то куҷойи марди тановарро доранд.
Ҳоло ки бонуро фарқ набуд рўйи замин хобонад ё рўйи сангу сабза, гузошташ бар ташт. Андар ташти сабз худ аз худ пойҳойи бону боло шуданд ва ба бозӣ омаданд андар китфи ғулом. Ғулом сахт-сахт ҳаракат карду хирсона наъра кашид, ки баройи бону ошно буд. Бону гоҳи бозиҳойи дуздона баробари ба наъра оғозидани ғулом, аз тарс даҳони ўро бо кафи даст пахш мекард, то асрор ҳувайдо нагардад. Вале ҳоло аз омади сипоҳ ҳам бим надошт. Балки мехост барда баландтар наъра занад ва фурўтар равад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор