Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ончунон биразмаду ҳунар намояд, ки куштаҳо пушта шаванд ва адў зери суми Бусефали болдор бимонад, сари хасм бипаррад аз зарби шамшери ў чунон ки вақти машқ додани Леонид ғунчаҳо аз зарби шамшери бозийи шоҳзода каллапарид мешуданд.
Искандар гирифтор аст ба андешаҳойи навҷавонӣ ва ҷўрабозиҳойи хеш. Гумон чунон дорад, ки беҳтарин чиз бозист ва хубтарин кас ҷўра. Ва орзу дорад, ки коре монанд ба бозиро пайдо кунад. Пеши назараш меояд, ки чунин бозӣ ҷанг аст, ки асб тозониву шамшер занӣ ва аз куштаҳойи хеш шод гардӣ...
Марги нобаҳангоми шоҳ Файлақуси II бархеро андўҳгин кард, баъзеро шод гардонд. Юнониҳойи ҷангзада, ки аз сўхтору куштори порсиён ва мақдуниён ба танг омада буданд, хушнудӣ доштанд, ки шоҳзодайи сохта ва норасида давлатро ҳуқуқи идора кардан надорад, мулкҳойи забткардайи падар аз дасту тасарруфи шоҳзода меравад ва ҳама муздурон ва ранҷурон сар бардошта исён мекунанд ва сари шоҳзодаву парасторонашро мехўранд. Зиёдтар аз ҳама Демосфени кинавар шод буд аз марги шоҳ Файлақус ва миёни Искандару бародари ақлбохтааш Ариддус фарқ нагузошта ҷор меандохт ба беақливу камҳушийи Искандар. Натиҷайи чунин ташвиқоту бадгўйиҳо буд, ки дар саросари кишвари юнони хароб, ба вижа Отини сўхта, шўру балво бархост...
Вале андар Мақдуниёйи ноором мубориза мерафт, то валиаҳде пайдо кунанд, ки аз дудаву дудмони шоҳон бошад. Чун шоҳийи Файлақус тасодуфӣ буд, писарони ў Қорун, Ариддус ва Искандарро ворису валиаҳд хондан аз қонунияти шоҳӣ бегона ба ҳисоб мерафт ва худи шоҳи маккор, ки нобаҳангом бе васият ҷон дода буд, ҳайрон монданд, то киро бар маснади шоҳийи Мақдуниё биншонанд. Зарурате пеш омад ва сарони ҳарбия маҷлис оростанд, то шоҳи мамлакатро интихоб кунанд. Ёдовар шуданд, ки шоҳзодайи Мақдуниё Аминта аз падар хурд монда буд, холи ў Файлақуси II худро парастори ҷиян – Аминтайи хурдсол донист ва давлатро аз номи ў идора кард. Баъдтар духтари хеш ба Аминта дод ва фармонфармо гашт ҳам ба шоҳзодайи ҷавон Аминта ва ҳам ба Мақдуниёйи бесоҳиб. Ба зўри шамшер империя сохт дар нимҷазирайи Балкан, тир хўрду якчашма шуд ва нобаҳангом фавтид, чунон ки подшоҳиаш ногаҳонӣ буд.
Ҳоло сарони ҳарбия ҳайронанд, то киро сарвари кишвар хонанд. Асилзодагон ва ашрофи Мақдуниё ҷонибдор буданд аз дудмони шоҳон – Аминтайи фиребхўрдаро. Баъзеҳо бародари модарҷудойи Искандар Қорунро аврангзеб меҳисобиданд... Вале назари сипаҳсолори мақдунӣ Антипатри дар аҳди Файлақус хидматкарда дигар буд:
— Агар шоҳ Файлақус ба пирӣ мерасид, аминам, ки дар васияти хеш Искандарро валиаҳд мехонд ва мўҳру чакро ба дасти ў медод.

пешина
аз 390
навбатӣ