Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун пирамард юнонӣ гуфтани занро донист, китфон дар ҳам кашид.
Ва бону ба порсӣ такрор кард: «Чӣ кунӣ?»
— Зиндаат кунам.
— Магар мурда будам?
— Оре, мурда будӣ, зинда шудӣ.
— Яҳудинафасӣ?
— На. Озарнафас.
— Аз зартуштиён?
— Бале...
— Ва корвон куҷо равад?
— Сўйи Басра.
— Суйи Басра?! Ман, ки Димишқ рафтагорам!
— Димишқ паси сар аст.
— Пас, маҳмил бидор!
— Гўл занӣ моро? – ва хандид пирамард. Катоюн дар шигифт шуд ва пурсид:
— Чаро хандӣ?
— Хандам, ки кадом мурда аз сафар баргашта? Ин роҳест бебозгашт.
— Агар мурдаам, чаро бо ту ҳарф занам?
— Ман пурсандаам, пурсон шавам, ту посух гўйӣ!
— Ё волло... дурўғ гўйӣ... Ҳарфат сода, қиёфаат дилгир, садоят дупўста, тарс дорӣ зиёдтар аз ман.
— Тарсам аз туст, ки чун дар ин биёбони бекас танҳо афтодӣ?
– худро гўл андохт пирмард.
— Танҳо? Чӣ гуна танҳо? Магар Бадрия рафта?
— Бадрия? Кадом Бадрия?
— Бадрияйи барда, ғуломи сиёҳ... – ҳама сифатҳойи ғуломро ба ў бозгуфт, ки медониста бошад.
— Ва он ғуломи сиёҳ туро ба д-ин ҳол оварда?
— На... Ман аз гардунайи духтарам Барзин афтодам... ў дунболи шоҳ Искандар рафт.
— Дунболи шоҳ Искандар? Искандари Мақдунӣ? – ҳайраташ афзуд пирамардро.
— Бале!
— Он Искандаре, ки ҳамаро сарнагун кард ва хору забун сохт?
— Оре!
— Оне, ки ҷаҳонгир шудан хоҳад?
— Оре-оре!
— Ва духтари беақлат туро сарнагун аз гардуна кард ва дунболи ў гирифт?
— На, худам фурў омадам аз гардуна, рафтам ба дунболи ғуломи сиёҳ.

пешина
аз 390
навбатӣ