Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пирмард сар афшонд, оҳи вазнин кашид ва фармуд:
— Меросӣ бигўй...
— Чӣ меросӣ?
— Аз дунболи мардҳо рафтани шумо.
— Чӣ хел меросӣ?
— Модар аз дунболи ғуломи сиёҳ ва духтар аз дунболи шоҳ Искандар.
Модар чӣ гуфтанро надонист ва якбора тез шуд:
— Ман нафрину дашном кунам шоҳ Искандарро!... Ў падари Барзин шўйи ман – сипаҳсолори бузург Ортобозро кушт, бародарони ман Ментору Мемнонро низ кушт, ки ҳарду шавҳари Барзин буданд. Чун Ментор мурд, Мемнон ин арўси ягонайи давронро гирифт ба занӣ. Искандар низ ба як дидан ба ў дил бохт...
— Ва нияти духтаратро надонӣ, ки чаро аз пайи шоҳ Искандар афтода?
— На!
— Шояд хун гирад?
— Рўшан набошад... Ба гумонам, дўсташ дошта.
— Духтарат хуни порсӣ дорад?
— Оре, падараш Ортобози порс бошад.
— Занон кинайи сахт доранд. Худашонро фурўшанду дод ситонанд.
— Занон агар дўст доранд, ҳама гуноҳҳоро пўзиш бикунанд.
— Магар Искандарро дўст доштан мумкин аст?
— Чаро дўст доштан мумкин набошад ўро?
— Хунхор аст, тохтгар аст, раҳм надорад, адлу инсоф надонад.
Осиёйи Сағирро зери по кард, зарру хоста рабуд, зану духтарон асиру каниз гирифт... Ва ту меҳр дорӣ ба чунин кас? Дунболаш биравӣ?
— На, дунболи духтарам Барзин биравам... Нахоҳам хориашро...
— Ёдаш ба хайр!
— Чӣ гўйӣ? Магар ўро...
— На... Гўям, ки дунболаш нагард.
— Чаро?
— Зеро Искандар хунро бишўяд бо хун ва шафқате надорад ба Порс. Касе, ки қасди сўхтору куштор дорад, магар аз ў некӣ чашмдор бояд буд?
— Оҳанги туро нафаҳмидам, чаро чунин гўйӣ. Ту низ осебу зиён дидайӣ?
— Танҳо ман осебу зиён медидам, ҳарфе набуд. Ў нақша дорад, ки Эрону Бохтару Суғдро низ зери пой кунад. Бадгуҳар. Ман бозургон ҳастам: дар ин ҳунар пир шудаам. Писаронамро ин кор омўхтам, вале ҳавойи бозургонӣ нагузорадам осуда шинам. Бозургонон дар ҳар замон нонашонро ёфта хўранд, вале халойиқ азоб кашад...

пешина
аз 390
навбатӣ