Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шаҳрҳойи ободон харобот гарданд. Бо чунин андеша чун Искандар ба Димишқ вурўд кард, мо корвон бастем.
— Ва духтари маро надидӣ? Барзинро! Гардунасавори танҳоро?!
— На. Шунидам, ки Искандар базм барпо хоҳад кард.
— Эй бозургон! Маҳмил бидор! Ман бояд ба Димишқ равам.
Барзин ҷуз ман касе надорад...

БаНди ҲАФТУМ

Андар вурўдгоҳи дарвозайи қасри Димишқ зане пайдо шуд кулфатзада, хаста ва бемадор; жўлидамўй, фурўрафтачашм. Майли ба диж даромаданро дошт. Ва ўро гадозан пиндошта меронданд:
— Бирав, ки қасри шоҳӣ ҷойи гадоён набошад!
Аз чунин беэътинойӣ бипечид ба худ ва надониста, ки чӣ бигўяд ва хост хештан бишносонад:
— Ай пардадор, чунин қасрҳо замоне ҷойи ман буданд... Ту бигўй, он ҷо чӣ базмест?
— Базми шоҳӣ. Шоҳ Искандар зан гирад.
— Зан гирад? Донӣ, ки киро гирад?
— На!
— Номашро надонӣ?
— На. Донам, ки духтари сипаҳсолори порсро гирад.
— Духтари сипаҳсолори Порсро? Барзинро? Духтари маро?!
— Эй девона, чӣ ёваҳо гўйӣ?
— На, ёва, нагўям, рост гўям. Ў духти ман аст, аз паяш зиёд гаштам, ба д-ин ҳол расидам.
Ва ҳоҷиб хандид баланд. Нафари дигар омад ва асбоби хандайи ҳоҷиб дониста, ў низ хандид. Вале зан ба хандайи эшон эътибор надода, муроди хешро гуфт:
— Духти ман гардунасавор омада буд. Танҳо... зебо... ниҳоят зебо... Ба ҳадде зебо, ки забони гуфтор надорам...
— Зоғ ҳам чўҷаашро «сапедакам» гуфтааст...
— На, шумо нахандед, воқеан бонуйи Порсу Юнон аст... Магар чунин зан аз дарвозайи диж ворид нагашта?
Ҳоҷибҳо ба ҳам нигаристанд ва бо ишора чизе ба ҳам гуфтанду шуниданд ва ба забон омаданд:
— Бале, буда чунин ҷавонзани зебойи савори гардунайи дуаспа...
— Ду аспи сиёҳмушкин?
— Оре, ду аспи сиёҳмушкин... Вале ман чун донам, ки ў духти туст ва ту модари ўстӣ?
— Агар пеши назари ту ман ўро бубинам ва ў маро, муроди ман собит хоҳад гашт.
— Бошад...

пешина
аз 390
навбатӣ