Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Зарур аст, то бори дигар ба гармоба биравад.
Хуршед сар баровард аз Шарқ ва дар дастайи нури аз ғурфа ба хона кашида пасмондаҳойи дуди шамъ ранг зада буд. Ва бону пиндошт, ки бўйи шамъи сўхта на танҳо дар хона, балки андар мўю рўйи ў низ ҷой гирифта, шиками гуруснаашро чанг занад ва ғаш орад. Беҷо шуд меъдааш. Зўр мезад, то гардонад, вале андарунаш ҷуз ҳаво чизе набуд, ки бозояд. Мўйи ба гардану сари дўш хамидаашро пас зад, то хориши гардан бозмонад. Вале хориш андар гардан на, балки дар хунаш омехта буд ва оҳиста-оҳиста ҳама ҷояшро ба хурўш овард. Ва пироҳани сапеди чиниро, ки рўйи пояшро низ пўшида буд, доман бардошт, ки хориш аз он бошад.
Ҷавсакҳойи гиребон кушод, то сарсинайи зебояш ҳаво гирад, вале ҳавойи ғализи хона бештар азобаш медод ва ба назараш гуноҳ буд андар фасли баҳорон нишастан дар чунин хонайи шоҳонайи дилгир. Бадар рафтанӣ шуд, пиндошт, ки пойҳояш баста ва ба ҷое нарасад. Сўйи ғурфаву парда нигашт...
Дар боз шуд. Як қад парид Барзин. Вале ҳавойи тоза надаромад, балки ходима дуздона ворид гашт ва бонуро ҳамчунон ба по истода дида, даст ба даҳони боз бурд. Ба хонтахта нигарист, барҷо буд. Гўё хони неъмат баройи имтиҳон ороста буданд, ки барге ноҷо нагашта. Шамъҳо сўхта ва шорида андар шамъдон боқӣ монда... Ходимайи аз ҳавойи тоза воридгашта бўйи шамъу дудайи онро беҳтар эҳсос кард.
— Шуморо ҳангоми рафтан чунин истода дида будам, бону...
Субҳ ба хайр!
— Субҳи шумо низ ба хайр бод!
— Хони неъмат низ ҳайрон... – ҳайрати хешро ифода кард ходима, – Магар рўҳониед, парҳез доред ё аз фариштаҳойи осмон?
— Ташаккур аз шумо, хонум... Ман, ки хўрданӣ наомадаам.
— Донам, бону, хўрданӣ наомадаед... Вале дар мо гўянд: «аввал ғазо, баъд ҷазо!» Ҳатто душмани дилогоҳ пеш аз куштан бояд дар гулўйи мақтул як ҷуръа об бирезад.
— Хонум, чаро шумо аз ҷазову куш сухан кунед?
— На. Парешон нашавед, масал гуфтам.
— Масал?
— Оре, масал!
— Агар масал, хуб аст… Тарсам, ки ҳар дурўғ ростие дорад.
— Осуда бошед, бону... Дер ё зуд бояд шоҳ ба дидори шумо расад...
— Шоҳ ба дидори ман?
— Оре, бону!
— Охир... мумкин нест. Ў шоҳ бувад, ман асир.
— Чӣ гуна асир? Шумо ба пойи худ омадаед, шоҳро ҷуста ва хоста омадаед. Ин нуктаро шоҳ хуб донад ва бояд сипосгузор бошад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор