Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Шумо осуда бошед. Гумон мекунам, ки наомадани шоҳ ба назди шумо фоли нек аст.
— Фоли нек!? Чӣ гуна фоли нек?!
— Шоҳ эҳтироми шуморо ба ҷо оварда. Пиндори ман ин аст, ки Маликуррум тани нафисаю поки шуморо ҳаром карданӣ нест, балки расмиятеро ба ҷо оварданист.
— Магар дар хоб?
— На, дар бедорӣ... Магар шубҳае доред?
— На, шубҳа надорам, аммо гумон дорам, ки духтари душман ё зани душманро бо эҳтиром напазиранд.
— На. Чунин гумон накунед. Искандар аз шоҳони босавод, доно ва дурандеш аст. Ў душманро, бавижа зану аёли ўро хор надорад ва пирону тифлони сарзамини тохтаву ба даст овардаашро саркўбу сарзаниш накунад.
— Хонум, шумо порсӣ ҳастед ё юнонӣ?
— Чӣ тафовуте миёни порсу юнонӣ? Ман, ки ба шоҳ ё ба шумо хиёнате накардаам.
— Оре, хонум, ман ин чизро дарёфтам, суолам аз ин ҷост.
— Фаҳмидам пиндори шуморо... Дар ҳарду ҷаҳон одам бояд буд, на ҷосус, на миёнҷӣ, на суханчин, на ғаммоз...
— Бубахшед, хонум, чунин андеша дар сари ман нест, аз муҳаббат гуфтам бароятон... Нозгунҷ донистам.
— Пазиро суханҳоятон, бону... Агар шуморо чун раҳгузар дарёфтам, чунин наздик набудам ва сўҳбате накардам. Мани духтаргумкарда, дар назари аввал шуморо духтари хеш донистам.
Чунон монанд, ки сурати шуморо ба ду арра карда бошанд... «Эй худойи пок, духтари маро бозовардӣ!?» гуфтам дар дил баробари дидани рўйи шумо.
Барзин ба зону нишаст пеши хонум ва сар андохт. Хонум перашон шуд, осемавор аз зери бағали ў бардошт:
— Шумо малика ҳастед, маликайи замон, хубрўтар аз шумо зане нест дар ин мулк... Ин корро накунед! Бархезед! Баройи худо бархезед! Агар шоҳ огоҳ гардад, маро шиканҷа кунад! Шумо худро хор нагиред, бону! Шоҳ дар талаби шумост. Ў ҳоло худдорӣ кунад. Бо коҳинҳо ва ситорашиносон сўҳбат дорад, бахти хеш озмояд... Имшаб роҳибе хоб дида, ки Искандар ба баландийи кўҳи Қоф расида ва рў ба рўйи офтоби тозатулўъ истода ва сухан гуфта бо Хуршед... Мунаҷҷимон, муъаббирон таъбир доранд хоби роҳибро.
— Ва шумо донед, ки ин чӣ хоб аст?
— Донам, ки кўҳ баландист ва Офтоб равшанойӣ... дар ду олам аз ин ду чиз авлотар чизе нест...
— Бале, хонум... агар олимон ва донишмандон ин муамморо дарнаёбанд, маро бубаред назди шоҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор