Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарду хешро соҳиби мулк дониста чунин гуфтанд ва Искандари доно Барзинро ба ишорайи даст нишастан фармуд. Чунин рафтори шоҳ бонуро дилгармӣ овард. Нишаст рў ба рў. Вале намеёрист ба рўйи шоҳ нигарад. Гарчӣ Искандар ҷавон буд, ҳайате дошт.
Вале Барзини зирак ва боҳушу бофаросат андар ў фарри шоҳӣ надид, балки омириву сиёсатро дарёфт аз нигоҳи аввал. Ва ҳанўз ки Барзин сари хам дошт ва чашм бар фарш дўхта буд, Искандар сару рўй, сақфи сина, гардан ва дастону ангуштони пурраву бонувонайи ўро аз назар гузаронд, ки ба ҳар зан муяссар нахоҳад шуд. Маликаро мемонд, маликайи хубонро. Ва шоҳ биандешид, ки бо ў дар хусуси хоб чизе нагўяд; биангорад, ки намедонад ин ҳарфро. Аз боби меҳру муҳаббат сухан гўяд, қиссаву саргузашти ўро шунавад, тарзи сухангўйиашро донад, ки бо ҳусну ҷамолаш рост ояд ё на. Шояд сураташ хуш бошаду сираташ зишт ё одоби асилзодагӣ надонад, малика шуда натавонад.
— Аз кадом нажод ҳастӣ бону?
— Зулқарнайн.
— Зулқарнайн? Ин чӣ нажод аст?
— Яъне аз ду нажод: нажоди Порс ва Юнон. Аз ду шоха.
— Фаҳмост... Падарат кист?
— Падари маро шумо нашиносед, шоҳзода...
Гўйӣ Искандари хуфта бедор шуд, ки бону ўро «шоҳзода» гуфт, на шоҳ. Ҳарфи кадомеро ба ёд орад... Ёдаш омад. Дар лаби дарё Гулгун ўро чунин номида буд. Ҳолиё бону чунин гўяд. Искандар хашм нагирифт, балки гузашт кард. Ба андеша рафт, вонамуд кард, ки ростӣ чунин номро нашунида. Аммо Барзин аз рўйи ҳикоятҳойи падар донад, ки Искандар Ортобозро хуб донад ва замоне назди ў буда ва дар борайи Шарқу ҷуғрофияйи он ва шоҳони Порс маълумот гирифта...
— Падарат кист? – дар оҳанги суолаш беэътинойӣ садо дод.
Барзин хомўш монд ва баъди фурсатҳо, ки Искандар нигарони посухи ў буд, гуфт:
— Ортобози Порс...
Искандар бархост. Муддате чанд карахт истод ва қомати зебову расояшро дол карда пурсид:
— Ортобози Порс?
— Бале, Ортабози Порс!
— Барзин ҳастӣ?
— Оре! Шоҳзода номи маро аз куҷо донанд? – тааҷҷуб кард Барзин ва шоҳзода гуфтанаш ба Искандар нафорид.
— Магар маро ёд надорӣ? Ман ки назди падарат будам.
— Буданатонро ёд надорам, вале гуфтаҳойи падарамро ёд дорам.
— Чӣ гуфтаҳо?

пешина
аз 390
навбатӣ