Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хонум ҳайратзада бозистод. Бовар надошт ба гўшҳояш ва беихтиёр сар ҷунбонд. Ва гўё аз ў ҳарфи ноҷо шунида бошад, пас-пас рафт. Барзин низ ҳайрон шуд, ки чаро хонум чунин рафтор кунад. Магар ҳама хушомадҳояш баройи ҳамин сухани ўро шунидан буд, ки чунин эҳтиромкорона рў ба рў рафт. Ва пушаймон шуд аз гуфтааш бону. Алломаҳо чунин ҳарфро шунаванд, хандахаришаш кунанд. Ва тохт сўйи дар, то боз дорад хонумро.
Дарнаёфт. Пасон аз ғурфа дидаш, ки мурғобисон медавид сўйи тарабхона. Парешонтар шуд Барзин, ки нохуб гуфт; гўё наҳ зад ҳама донишмандонро, ситорашиносонро, муъаббиронро. Ва акнун ҳама қарори шабинаро аз пойҳойи хеш меситонд: гирдогирди хонтахта мегашт ба шитоб, ки ҳолиё фаро расад аҷалаш. «Ин зан дўст буд ё душман? Беҳуда зери пўсти ман надаромада...» Ва худ аз худ гашти ў тез шуд чунон ки андешааш, ҳамчунон ки хунаш.
Гўйиё ҷўшид. Чунон ки оби ҷўшида асбоберо ба ҳаракат орад, хуни ў шуда буд.
Дар боз шуд, вале бону бознаистод. Пиндораш хонум баргашт. Вале чун дуруст дид, ду зани дигар буданд. Дар даст дукорда доштанд ва Барзин бозистод аз давидан. Ранг намонда ба рўяш.
Онҳо хандиданд сўяш. Барзин хандайи занони ноошноро дида аз дил гузаронд, ки девонааш хонанд. Дар пироҳани сапеди арўсӣ чунин тохтани ў касро ба андеша водор кунад. Бозистод рў ба рўйи онҳо ва сар андохт чу омурзиш.
— Боке набувад, бону! – ханда дар лаб дукордаро бозӣ доронда гуфт бузургтаре ва дигаре шона намуд.
Барзин андешид ба худ, ки онон саҳв кунанд, дўш ороста буданд ўро баройи арўсӣ ва ҳоло на ба ин кор омада, балки оҳанги дигар бояд дошта бошанд...
Ва ошуфтаву арақшор баргашт хонум ва ду занро боздошту гуфт бароянд. Онҳо муаддаб сар андохта баромаданд ва хонум аз бағали бону гирифта ба курсӣ нишонд ва табассум кард. «Хоҳад пазируфт» гуфт оҳиста, ки андешаро ба хеш гуфта бошад.
— Лаббай?
— Шоҳ шуморо хоҳад пазируфт.
Барзин бархост. Надониста бархост аз ҳаяҷон, вале бархостанаш ба боз гаштани дарвоза мувофиқ омад, хонум аз чунин кори ў ҳайрон шуд: «Ғайбдон аст».
Чун шоҳ Искандар ворид гашт дар либоси низомӣ, Барзин таъзиму одобро фаромўш кард ва шах шуд. Малик Искандар низ сурату симойи Барзинро дида шах шуд ва ду тан чашмбаракон доштанд чун хирсу сайёд, ки ба нерўйи чашм пирўз оянд. Шоҳ табассум кард. Дар дили Барзин рўшнойӣ омад. Гом зад шоҳ ҷониби ў ва хонум бадар рафт. Шоҳ монду Барзин. Духтари душман.
— Шодбош гўем бонуро!
— Шоҳро низ...

пешина
аз 390
навбатӣ