Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Бипўш... Либоси низомӣ туро назебад! – ҷангҷў нахостану надидани писарро таъкид кард модар, вале Искандар шармид:
— Ҳанўз ки шоҳийи ман тасдиқ нашуда, чӣ гуна пўшам ин либосу ин тоҷро?
— Туро дар чунин либоси танат дидан нахоҳам.
— Пас либоси шоҳзодагон биоваред!
Ва Ланикайи меҳрубону бовафо либоси оҳарийи шоҳзода рўйи дастон овард ва назди шоҳзода зону қат кард ва дарёзид ҳадя.
— Ташаккур мекунам аз ту Ланикайи меҳрубон!
Ланикайи хушодобу бурдбор ҳарфе намегуфт аз шоҳийи Искандар. Ва чунин рафтори ў шоҳи ҷавонро дар ҳайрат гузошт, ки момо норозист аз шоҳ шудани парвардааш. «Шояд нафаҳмида бошад?» Ва Ланика чунон ки Искандар андеша дорад, аз ин сирр огоҳ набувад. Доя либоси хоксоронайи шоҳзодагӣ меёзад ба ў, то либоси сарбозийи баройи Искандар нозеборо аз тан афканад.
Искандар ҳамчунон пазируфт пўшоки Ланика овардаро, ки пештар қабул мекард.
Ва модари дилсўз Олимпиада либоси шоҳонаву тоҷи мурассаъ бар даст табассум дорад:
— Туро гуфта будам, ки Искандар писари туст, Ланика!?
— Гуфта будӣ...
— Вале ту, Ланикайи меҳрубон, чун донистӣ, ки ман чунин либос мехоҳам?
— Ай фарзанди ман! Туро танҳо назодам... Дигар ҳама қуту ғизоят аз дасти ман буд. Чун надонам феълу хўйи туро? Талабу дархости туро? Орзуву армони туро?... Муборак бошад тахти салтанат!...
— Меҳрубонийи ту ҳад надорад, Ланикайи азиз... Сипосгузорам. Некиҳойи туро фаромўш нахоҳам кард. Ҳарчанд маро бо мағзи хирсу ҷигари шер парво накардаанд, чунон ки ҷадди ман Ахиллро, хушҳолам, ки аз дасти ту нону намак хўрдаам. Фаромўш нахоҳам кард намаки туро.
— Сипосгузор аз Олимпиада бош, ки маро пазируфт ба доягийи ту.
Искандар нигарист сўйи модар ва шарм кард андешаҳойи дами дар кардаро ба ёд оварда. Ва чу кўдаки доно сар андохта гуфт:
— Дар ин дунё модар дораму бас...
Ва гўйӣ аз ҳамин лаҳза омўхт бо кӣ чӣ гуна муомила карданро ва дар кадом лаҳза чӣ гуфтанро.
— Искандар, ту як модар дорӣ, – иддаошро пеш овард Ланика,
– Ман ду писар дорам. Туву Пердикас. Ягона муродам ин аст, ки Пердикаси маро эҳтиёт бикунӣ.
— Осуда бош, модар!
Ланика даст ёзид, сари Искандарро дошт ва аз пешонийи ў бўса гирифт. Баройи он ки ашкашро шоҳи ҷавон набинад, шитобон бадар рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё