Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Наздик шуда пурсид шоҳзодайи мисрӣ Биталомус ва майли бо ў рақсидан кард.
— Тойис!
Посух дод ба ноз ва аз ў дур рафта ба шоҳи ҷавон чашм дўхт, ки чун бо ғазабу сафро менигарад ба Биталомус.
— Тойис духти Онаниюс? – Боз пурсид вақти гирд гашта наздик омадани духтар.
Тойис аз миёни ҳарфҳойи шоҳзодайи мисрӣ калимайи «духти»- ро нафаҳмид ва надонист ба ў чӣ посух гўяд.
Тоҷири корчаллону шикамдори юнонӣ Онаниюс ба духтар ва ё шоҳи ҷавон коре надошт. Бо шаҳбону Олимпиада сўҳбати сарироҳӣ мекард ба хотири фардо. Онаниюс чун ҳама гуна тоҷирон дарёфт, ки Мақдуниёйи ҷавон ба иқтисоду давлатдорӣ мисли мамлакатҳойи сахтреша нест, дар соҳайи ноустувори иқтисодийи он ҳама гуна корчаллонӣ равост, кўч баст ба Пелла. Ва кораш аз замони Пердиккайи III то имрўз ривоҷ дорад… Дар Мақдуниё шоҳи саввумро мебинад, ки хазинайи шоҳийи онон ба садяки хазинайи ў намерасад. Ва коре, ки андар пояйи тахти шоҳӣ кард, пештар ҳам карда буд. На ба эҳтирому хотири шоҳон бувад рафтори ў, балки баройи равнақи тиҷорати хеш бошад. Бадрайи бахшидааш зарраест аз харвор. Аз худ баландтарро бинад, тавозўъ мекунад, аз худ пастро дучор шавад, кибру ғурур менамояд. Ва сари мастӣ ягон-ягон лоф мезанад: «Ҳеҷ гоҳ аз пайи сарват надавидаам, сарват аз дунболи ман меояд. Шоҳонанд, ки ба баҳонайи ҷаҳонкушойӣ симу зарри дигаронро ғасб мекунанд». Онаниюс чунин ҳарфҳоро пеши ҳамкасбони хеш мегўяд ва оне ки назди дарбориён нишаст, лаб ба хомўшӣ мебандад ва назди уламову удабо хешро шоир метарошад. Қитъа мегўяд ё байт аз худу аз дигарон ва эътибори хешро меафзояд, ки аз забони тоҷир шунидани байти обдор ҳайратовар бувад. Зеро дар Мақдуниё тоҷироне низ ҳастанд, ки байтеро гуфта ва ё калимаеро дуруст талаффуз карда наметавонанд: ба ҷойи мешиносӣ «мешиношӣ» мегўянд. Онаниюс дигар шоҳ шавад ҳам, шоҳиро ўҳда карда метавонад. Корчаллон, пайдогар, дилёб.
Ба як танга, бадраву ҳамён, гўшвора ё ангуштарӣ ва ё зеби гардан метавонад сахттарин дилҳоро нарм гардонад; бинотарин чашмро бандад; гўётарин забонро хомўш гардонад; гўши шунаворо кар кунад. Сеҳру асрори савдоро беҳтар аз ў касе намедонад. Савдогар дунёро хароб гардонад, савдогар дунёро обод кунад. Аз ин рў гуноҳу савоби ў ҳамсанг бувад. Ҳолиё ҳама чизро фаромўш карда Онаниюс дили шаҳбонуро тасхир кардан мехоҳад. Зеро донад, ки инони давлатдорӣ ба дасти Олимпиада хоҳад гузашт.
Ба фаҳмиши Онаниюс Искандар марди Олам аст ва ў дар Пеллайи танг нағунҷад. Гуфти падараш шоҳ Файлақусро мегўяд тоҷир:
«Мақдуниё баройи Искандар танг аст». Тоҷир гирифторӣ дорад бо шаҳбону ва парвойи духтарро надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё