Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Дар чеҳрашиносийи Антипатр шаку шубҳа набувад. Вале шоҳ мунтазири пешгўийи коҳин аст. Искандарро оварданд, ки раммол дидан мехоҳад ўро. Чун шоҳ мунтазир буд ин лаҳзаро аз ҷон хуштар бирафт назди коҳин.
Аристандр, ки бисёр дидаву гуфтаву хидмат карда, вале подоше надида буд ва медонист, ки умраш дерёз нест, шоҳ Искандарро нишонд паҳлўйи хеш, хеле сар андохт. Чун донист, ки шоҳи тезхун ба танг омада, сар бардошту гуфт:
— Шоҳи ҷавонбахт, бадиққат гўш бидеҳ... Ҳар чӣ мегўям, бойиси малоли хотират нагардад.
— Бифармо!
— Дар чунин рўз сари душманон овардани душман фоли нек бувад. Александр душмани ту буд. Чун дид, ки кор кефта, худро дўст гирифт бо ту ва дар дилаш дўстист. Маънии ду сар овардани ў чунин аст: ту аз кўҳи Олимп то Қоф, яъне, Мағрибу Машриқро ба ҳам мепайвандӣ; ду сари олам ба номи ту гардад, туро оламгир хонанд... Ва ман набояд чизеро аз ту пинҳон дорам... Мушкил..
Сахт мушкил...
— Чӣ мушкил?
— Гуфтани таъбири сарони хунрез.
— Бигўй! Чизеро пинҳон мадор!
— Аз ин сар то он сари олам хун мерезӣ... – Гуфту диққат дод ба шоҳ, ки тағйир ёфт ранги рўяш, афзуд: – Пирўз мешавӣ бар душманон. Гетӣ ба номи ту мегардад...
Гуфту хомўш монд коҳин ва Искандар низ хомўш буд, таҳлил мекард ҳарфи ўро. Чандон бовар надошт ба ин ҳарфҳо, ки раммол аз ду сари бурида ин қадар маъниву таъбир кашид, пешгўйӣ кард.
Шоҳ дар андеша буд, ки ростийи ҳарфи ўро аз кӣ пурсад...
Модар Олимпиада шоҳи ҷавонбахтро дами дари шабистон вохўрд. Искандар, ки хумори назди кадом зани фоҳишахўро дошт, пазиройийи шаҳбону хуш наомад. Гўё барқасди хоҳиши шоҳи тозаҷулус Олимпиада хандон омад аз рухсораҳойи писар бўса зад ва гилаомез гуфт:
— Чаро шоҳи ҷавонбахт аз модар гурезон аст? Пеш намеояд, то модар муборак гўяд...
— Магар нагуфта? Агар нагуфта, кори хубе шуда...
— Чун?
— Писар бояд модари мардмиҷози худро муборак бигўяд.
Пирўзийи писар аз сафедбахтийи модар бувад.
Чунин фармуд писар, вале дар дил ноҷўриеро эҳсос кард; сих зад қалбаш. Дарнаёфт, ки аз бисёрийи шароб аст, аз хушнудийи зиёд аст ва ё аз он ки модар новақт сари роҳашро гирифт? Вонамуд накард ба модар. Гўё чизе нашуда, навозиш мекарду мебўсид дастони модарро, ки ғамхортар аз ў касе набуду нест барояш.
Падари занакабозу сияҳмасташ овора буд аз дунболи фоҳишамашрабон, эътиборе фарзандонро намедод ва сардие ҷо карда буд дар дили ў.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё