Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Олимпиада мўйи фатилайи писарро бо ангуштон хилол кард ва фармуд:
— Аз падарбузургам шунида будам як пандро. Онро бояд ба ту бигўям.
Искандар қадаме аз модар пас рафт ва нигарон шуд, то модар чӣ фармояд.
— Агар мор ҷуфт бошад, ҳардуро бояд кушт. Якеро кушта, дигареро бозмонанд, онаш қасд хоҳад ситонд.
— Ин пандро аз Ортабози порс шунида будам... Лекин шумо ба чӣ маънӣ мегўед? Умумӣ ё ҳадафе ҳаст?
— Ҳаст...
— Агар Александри линкестидиро дар назар дошта бошед, худмурдаро куштан ҳоҷате надорад.
— Морони захмӣ заҳри зиёд ғун меоранд, Искандар...
Ду тани танҳо дар шабистони хеш ғел мезаданду паҳлў мегаштанд ва муроде ҳосил набуд аз нооромиву беқарориашон.
Олимпиада дар шабистони хеш, ки баъзе шабҳо бо шоҳ комронӣ мекард ва шоҳи тозаҷулус ҳанўз ҳам дар хонаву бистари баччагиҳойи худ буд. Ва андеша мекард, ки дер ё зуд бистараш шоҳона бояд бошад.
Олимпиада ду ғам дошт: яке писари ҷавонаш давлатро идора карда метавонад ё на ва дигар минбаъд ёри бистари шаҳбону кӣ мешуда бошад? Мушкилоти ғами аввал ба назари шаҳбону саҳл аст; шоҳзода аз ўҳдайи кор набарояд, модари шоҳ идора мекунад давлатро. Вале ғами дигари Олимпиада саҳл нест. Аз миёни ин қадар низомиён кӣ шинад ба зеҳнаш, кӣ рост ояд ба ситорааш, кӣ форад ба табъаш? Шаҳбону он қадар ғелу паҳлў гашт, ки ба назараш бистар дарид. Ҳарири чинӣ дар тани ў. Аз зери ҳарир пайкари нафису нозуку дилрабояш метобад. Ва шаҳбону хаёлан қомати сиҳияшро дар ойинайи барқади таърихӣ дида чун ҳарвақта ҳавас мекунад, ки марде мувофиқ бошаду чунин андоми бемислро ба танг кашад... Ў тоқати хоб надошт, бархост. Нигарист аз тиреза берун, ки шояд касе пайдо бошад аз хидматгорон. Касе наметофт.
Дар дами дар ҳоҷиби якчашма меистод, ки бону баройи ба шоҳ Файлақус монанду якчашма буданаш ўро бад медид ва намехост, ки аз борон гурехта, зери новадон афтад...
Шаҳбону имшаб мард мехост. Вале касе дар чунин шаби мурод ба дарди ў нахўрд. Тоҷири ҳатўл андаке наздик шуд, вале ба мардийи хеш имон надошт, ки аз боби муҳаббат ҳарфе нагуфта ва ё ба наздик шудан майле накарда, духтари таннозашро ҳамроҳ бурд. Олимпиада нафаҳмид, ки омадану якбора шафат шудан ва паҳлўйи шоҳу шоҳмодар нишастанаш аз баҳри чӣ буд. Бону ба чӣ умед баста, танҳо бо тоҷир банд шуд ва имкони бо дигар мард сўҳбат кардан наёфт. Ғаш дорад дилаш. Тоҷири ҳатўлро нафрин мекунад ва ҳасад мебарад ба Тойис, ки ҳама ҷавононро дилрабо гаштааст.

пешина
аз 390
навбатӣ