Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ёди аллома Бобоҷони Ғафур

КИТОБИ ЯКУМ

БаХши АВВАЛ

БаНди ЯКУМ

Мо қиссайи Сикандару Доро нахондаем,
Аз мо ба ҷуз ҳикояти меҳру вафо мапурс
(Ҳофиз)

Ёздаҳ шабу дувоздаҳ рўз аст, ки маликуррум андар моваройи Эрон асб метозонад. Биёбони бегиёҳ сипоҳу сипаҳбадон, гетерҳо, пирони ҷангӣ ва асбонро ба ҷон расонида, аммо лашкаркаши кинавар қарор надорад ва баргаштан нахоҳад. Шери ҷангӣ гўри захмиро зинда дастгир карданист. Дунбола гирад пайваста. Гўри тарсу фирор дорад аз сайёди шерафкану гўргир. Асбон хаста, пилон шалпар ва мусофирони роҳ нотавон гашта. Ва Искандар ҳайрон, ки чаро толеи ў чун толеи Зевсу Гераклу Ахилл хуш нест, балки шўр аст. Баҳру барр гаштан, тохтану куштану сўхтану рабудан дар қисматаш будааст. На чун Зевс девон кушад, на чун Геракл шеру аждари нўҳсар ва на ҳаммонанди Ахилли диловар бар синайи душмани рў ба рў найзайи гаронвазн занад. Ҳолиё аз қисмат розӣ набувад Искандар... Ва чаро мурғони пурмағал гирди сари ў гашта, гиҷ кунанд мағзашро? Тирвор парҳо сўйи ў андозанд чунон ки ба Геракли диловар меандохтанд. Балки дар фазойи дури осмон лошахўрон гирд мегарданд ва баробари дави асби ў – Бусефали бахшидайи устодаш Демарати коринфӣ пеш мепарранд, гирд мегарданд тори сар ва афтидани асбон, фавтидани саворон ва мурдани сипоҳиёнро дарёфта, ба сарашон мерезанд.
Гирд мегарданд лошахўрони баднамову бадафти хунолуда, ки дар панҷаву минқорашон нишонайи гўшту хуни маслухон боқист.
Аз фазойи баланд гарданак зада лоша меҷўянд ва чун чашмони тезбинашон тўъмае пайдо кард, сангосо фурў мераванд ва наздик омада пой кашол мекунанд ба нишаст. Ва болҳойи безебу туллаккардаро меёзанду ҷамъ мекунанд тори лоша ва гардани фартуту пурчину чандирпўстро сўйи чашми лоша тофта, сари ғашовар ҳам мекунанд ва минқори каҷ бар дида мезананд; айнак бурун мекашанд.

пешина
аз 390
навбатӣ