Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин кори нахусташон. Агар чашм насиб нашуда бошад, бо минқори каҷу ҳаром лахт-лахт гўшт мекананд аз тани майиту лошаву маслух. Ба оне, ки дер мондааст ё гўшт нарасидааст, ба ҷанг медарояд бо насибагирифта; монанд ба ҷанги инсони гушначашм. Вале як селайи хурд дар фазойи хушк ва тафсон аз ташнагӣ даҳон воз карда, чун раҳнавардони ҷигарсўхта ҳалқак зада, гоҳ пару бол афшондаву гоҳ тахту ором, якмаром ҳаракат карда, тори сари фавҷи Искандари сипаҳсолор ва сайёди сайдҳойи дупой гирд гаштаву пеш рафта чашмдоранд, то шере занаду онон хўранд.
Ба пиндори Искандар ин мурғони бадафту бадният нохушиеро нигаронанд, то он нохушӣ базму сури онон бошад.
«Кишк!» хаёлан меронад ў мурғони ҷувозакгарди саморо, аммо садояш намебарояд. Зеро мурғон дар мағзи сари шоҳзода гирд мегарданд, аз ин рў ў овоз баланд намекунад. Бим аз он дорад, ки Коллисфени таърихнигор ин ҳарфу садоро низ дар навиштаҷоташ зам мекунад. Коллисфени юнонӣ ҳарф ба харф менависад набарду зиндагиву оворагӣ, каҳрамониву корномайи ўро, вале касе пайдо набуд, то тифливу кўдакиҳойи ўро, дилсўзиҳойи модар, доя ва писари вай Протеяро бинависад. Зеро зодагони ў устодону мураббиёни зиёде фармуда буданд, аммо аз касе хоҳиш накарда, ки кўдакиҳойи Искандарро дафтар бикунад.
Ҳанўз ҳам дуди овардгоҳ ба фалак дакка мехўрад ва ғубори суми асбон фурў нанишаста; ҳанўз ҳам асбони гумкардасавор сайҳайи хатар кашида аз як сўйи корзор ба сўйи дигар метозанд; ҳанўз ҳам хун метаровад аз захмҳойи майиту маҷрўҳони майдони набард; ҳанўз ҳам дар гўши захмиҳойи нимбисмил зарби шамшерҳо садо медиҳанд; садойи ҷонхароши фавтидаҳо кора ба мағзи сари эшон карда ва касе нест, то мурдаҳоро бардорад аз марзи Линкестида.
Зиёда аз чаҳор ҳазор мурдагон хуфта андар размгоҳ ва ёваре нест, то бардорад майитҳоро. Миёни мурдагон ҷасади хунолуди шоҳи васиятнакардайи Мақдуниё Пердиккайи III низ ҳаст ва шоҳзодайи хурдсол Амрита хабар надорад аз фавти падар. Огоҳ низ нест, ки маснади меросӣ ва миғфари шоҳӣ расида ўро. Аз чизе огоҳ нест Амритайи шашсола. Ва надонад, ки мурдан чист ва тахтнишинӣ чун аст... Ва аъёну акобир Файлақуси бистусесоларо ҳомию васӣ хонданд бар шоҳзода Амритайи шашсола. Васояти давлат бар дўши ҷавоне афтод, ки сару коре надошт бо шоҳигарӣ ва ё илми он наёмўхта буд. Он замон Мақдуниё рў ба харобӣ дошт ва ҳар марди тавоно низ наметавонист обод гардонад мулкро. Файлақуси нобалад ба танг омад, сар шикаст, илоҷ ҷуст. Маш варат бо пирони кор кард. Файлақуси II гўё ягона касе монда аз тухми герадиатҳо, дигар ҳама фавтида дар ҷанги душманон ҳамроҳи шоҳ. Файлақуси ҷавон ҷароҳати давлатро табобат ва харобаҳоро обод карданӣ буд. Чун намедонист усули корро, азоб кашид ва баъди сар шикастанҳо дарёфт, то сангро санг шиканад: аз шубонон, кашоварзон ва мардуми замони ҷанг дар кўҳу камару ғорҳо паноҳбурда даҳ ҳазор сипоҳийи пиёда ва қариб ҳазор сарбози савора гирд оварда, бар зидди душманоне бархост, ки Мақдуниёйи Искандари Аввал обод гардонидаро хароб карда буданд.

пешина
аз 390
навбатӣ