Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Искандар чашм хуморӣ дошта миёни гетерҳо Тойиссураташро меҷуст. Аммо пайдо набуд чунонаш. Раққосайи сарвболо миёни сиҳиқадони шўхшанг ангуштнамо буд. Шоҳ шодмонӣ дошт, ҳамзамон дар боби ҷанги юнониён сар мешикаст. Чун ҳавойи юриши Порсро дошт, ҷанг намехост. Сулҳ меҷуст, то юнониён низ дар ҷанги Порс ёру ёвар ва дастгираш бошанд. Тасмим гирифта, ки касеро наёзорад, мулкеро аз нимҷазирайи Балкан харобу валангор накунад. Шоҳи дурандеш намехост, ки баъди ба сўйи Машриқзамин лашкар кашидани ў дар қаламраваш оташи ҷанг барафрўзанд...
Чун сари ин андеша буд ва ҷоми искандарӣ баланд медошт, пайкони отинӣ даррасиданд. Искандар пазируфт эшонро андар базмгоҳ. Демади войиз андоми гирифта дошт. Сар андохта буд ва мунтазири пурсиши шоҳ.
— Шерӣ ё рўбоҳ?
— Ҳам шерам, ҳам рўбоҳ... Умри писари Зевси барроқ ҷовидона бод! Сарони ҳукумати Отин чун ба ҳам омаданду маҷлис оростанд, раъй накарданд ба додани саркардагони демократ, бавижа ба супурдани Демосфени ватанхоҳ. Ҳарчанд Фокиони демократ ҷонибдори шоҳ буд ва даҳ танро чун гаравгон талаб мекард, касе ба чунин талаб ризоият надод. Фокионро биронданд аз маҷлис ва ба панҷ тан толон (талант) бахшиданд, то назди шоҳи ҷавонбахт оям ва пайғом расонам.
— Хуб буд, агар Фокионро овардӣ ба гаравгон ва панҷ толони дигар бигирифтӣ. Агар дар сипоҳи ман як нафар будӣ чун Фокион, аввал сари ў гирифтаме...
Демад пуршигифт шуд, биларзид дилаш, ки чунин таҳдид ўрост.
Искандари ҷавону зирак ҳаяҷону ҳайраташро парешон кард:
— Агар даҳ ҳазор чунинон будӣ, лашкар хароб ва мулк вайрон нашудӣ! Поянда бод демократҳойи Отин! Тамаддун бо хойинону ватанфурўшон пойдор нахоҳад монд. Ҳамон демократҳойи отинӣ ватандорону ватанхоҳон буданд, ки тамаддуни юнонӣ оламгир шуд. Афлотуну Суқрот, Арастуву Буқрот танҳо устодони юнониён нестанд, устодони мақдуниён низ ҳастанд. Поянда бод Юнон ва хирадмандони он!
Тири армони Демад хок хўрд. Ў умед дошт, ки кину ғазаби Искандарро сўйи Демосфени сухангў тез мекунад, чун дарёфт, ки шоҳ ҷонибдори он демократ аст ва номи ўро ба забон наёварда ҳимоя мекунадаш, ноумед гашт. Андеша дошт аз гуфтаҳойи Искандар ғарази ўро дарёбад, аммо ба умқи сухани шоҳи сулҳҷўву сулҳпарвар намерасид. Демад садое баровард, ки ба гўши Искандар гўё аз дур ва бегона расид:

пешина
аз 390
навбатӣ