Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Халқ ҷазойи демократҳоро хоҳад дод!... – Хомўш монд ў, то Искандар чӣ гўяд. Чун аз ў посухе наёмад, афзуд:
— Ғайр аз ин отиниён хоҳиш карданд, то шоҳ рухсати бозгашти фирориёнро бидиҳад..
Шоҳ дерёз биандешид, ҳама чизро дар тарозуйи ақл баркашид ва фармуд:
— Ба ҷуз Ҳаридем!
Демад як қад парид, ки шоҳи ҷавон номи ин фирорийи ба Осиё гурехта ва бо мамлукҳойи юнонийи Доро пайвастаро аз куҷо медонад. Ва биандешид ба худ, ки чизеро аз шогирди ҳаким Арасту пинҳон дошта намешавад. Ё ҷосусонаш зиёданд, ё мисли ў худширинкунакҳо афзун ва ё Искандар ғайбдон аст. Андешид, аммо чизе напурсид. Зеро авзоъи Искандар дигар аст; аз ин хиргоҳ ҷон ба саломат мебурда бошад ё на. Касе ҳифзи ҷони ўро зомин нахоҳад шуд.

БаНди НЎҲУМ

Андар таковаргоҳи шаҳри Пелла шоҳ Искандар сабқати сипаҳбадону беҳтарин сипоҳиёнро мегузаронд. Ҳунари набард, пойгаҳи саворон, тирзанӣ, шамшеру сипардорӣ, найзаварӣ ва аз ҳама хубтаринаш синондориву синонзанӣ буд: сафи шонздаҳрадайи сарбозон, ки синонҳойи ҳафт-ҳаштгаза доштанд, андар таковаргоҳ дурўя оростанд. Синонҳойи сартези дароз ҳафт-ҳашт газ пештар аз синондорон сўйи синайи душман равона буд. Синони ҳар радайи пас як газ аз пешин пушт меистод ва ҳар қатор кори хешро мекард: чун қатори аввал неши синон бар сипар ё синайи душман мезад, бозистода зону қат мекард ва қатори пас як гом пеш ниҳода душманро синон мезад. Ва ҳамин тавр банавбат синонҳойи сартези пас пеш мерафтанд, то даме, ки қатори аввал қатори пасин мешуд ва қатори пасин қатори аввал. Гўйӣ чархи гардун мегашт. Ва бо чунин усул сафдарӣ мекарданд. Роҳи гузар набуд душманро. Ва ҳашт қатори пушт, баройи он ки синонашон халалгор набошад, синонҳо сўйи само тир мекарданд ва фазо панҷарабанд мешуд.
Тамошобинонро хуш омад ҳунари беназири сипоҳиён, ки чунин ҳунар хоси сипоҳи мақдунӣ буд. Дар тўли мавҷудияти якунимасрайи давлати мақдуниён сипоҳи ҳунари ҳарб омўхта ва роҳу усули тозайи набард эҷод карда ба забардастӣ расида буд. Ва ҳолиё андар такорваргоҳ ҳунар менамуд.
Искандар имрўз фавҷи хосайи шоҳӣ ҷудо мекарду ҷондорони шуҷоъ мепазируфт, аз шаҳнишини намойишгоҳ ҳамаро бодиққат аз назар мегузаронд. Паҳлўйи ў Антипатр, Эвмени саркотиб, Димитриуси пизишк, Аристандри раммол, Биталомуси мисрию се писари сипаҳсолор Пармониёни номдор – Файлотус, Пангумей ва Никонор; онсўтар Олимпиадаву Ланикайи меҳрубон нишаста буданд.

пешина
аз 390
навбатӣ