Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Файлотус ва Никонор, ки дуртар аз шоҳ қарор доштанд,
Искандарро маҷбур сохт ҳамроҳ шавад ба кирдор.
Савори пирўз чорафзор буд ва асбаш низ баргустувонкашида,
ба Бусефали шоҳ мемонд. Ў ҷилав гардонд асбашро сўйи дарвозайи таковаргоҳ ва бирафт...
Чаҳор саду чиҳил толоне, ки Искандар аз фурўши мамлукҳо ба даст овард, воми падарашро намепардохт. Шаст толони гарду қўри хазина зам гардад, вом адо мешуд ва дар хазинайи шоҳӣ ҷуз чангу бўйи муш чизе боқӣ намемонд. Баройи салтанати шоҳӣ чунин маблағу сифр доройиву сарвате ҳисоб намешуд. Ва бо чунин моя давлатдорӣ кардан, сипоҳи кироя доштан ва сўйи Офтоббаро лашкар кашидан лоимкон бувад. Искандар боз ҳаштсад толони дигар қарз гирифт, ки пардохтани он на корест саҳл. Пардохтани чунин вом, ки зам ба қарзи падар буд, Искандарро водор месохт пайдогарӣ кунад; пайдо ба даст орад, сипоҳ нигаҳ дорад, давлату дастон кунад. Ризқи ҷўянда дар пойи пўянда. Чорае ҷуз юриши Порс нест.
Вале ҳоло пардохтани воми падар ба ёди шоҳи ҷавонбахт намерасад, балки тараб дорад... Ин шом шукўҳи тарабхона дигаргуна буд. Сағирбазм набуд он ҷо. Базми кабир, базми Искандарӣ барпой буд. Танзилу суди шаҳри Фива, инчунин қарзи ҳаштсада Искандарро сахӣ гардонида буд. Ў чунон базме орост, ки тарабхона нағунҷонд меҳмононро. Шоҳи ҷавон фармуд андар саросари диж базм ороянд: андар коҳу ҳараму кулбаҳойи гетерҳо ва сарпаноҳи ҳоҷибу пардадори якчашма ва ҳатто дар роҳравҳо.
Искандар дониста чунин базм орост, то сарони сипоҳу худи ў ба чунин базм одат кунанд, зеро базму зиндагийи ояндайи эшон кўчӣ гузараду саҳройӣ. Искандар нахост, ки миёни чаҳордевор чун шери занҷирбанд девона гардад, балки зери осмони кушод ҳангома кунад.
Тахти сайёри шоҳӣ бурун оварданд ва роҳрави фарохи паҳлўйи дижро миёнбур карда, маснади шоҳӣ гузоштанд ва шоҳи ҷавон андар либоси фохирайи мурассаъ ба зарру ҷавоҳир бинишаст бар
1 авранги искандарӣ. Хўди ҷангӣ бадал карда ба тоҷи заррин, ки шоҳони порсӣ мениҳоданд ба сар.
Ва аммо шоҳи навкор қаноат накард ба тоҷи заррин. Чун табъаш болида буд, ду даст баробар бардошт: «Тоҷ хоҳам, тоҷи Зулқарнайнро!» Ҳамагон нигаштанд сўйи ў; касоне чун Олимпиада ва Арастуйи воқиф аз асрор ором буданд, вале касони ноогоҳ ҳайратзада гаштанд, ки чӣ бонге буд. Искандар медонист, ки тоҷи
- Орзуйи Искандар буд, ки бар тахти порсӣ чунин ниши над.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо