Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

хостааш чӣ тоҷест. Ў тоҷи душохайи Куруши Кабирро орзу дошт.
Вале чун ёдаш омад маросими тоҷгузорийи шоҳаншоҳ, фурў рафт ба андеша. Зеро тоҷгузорийи шоҳони Порс қурбонийи зиёд ва омодагиву баррасийи бисёр мехост ва тахти зеборо. «Бори дигар
1 «Киропедия»-ро бояд бихонам... Тоҷгузорӣ андар Киропол хоҳад шуд..» аз фикр гузаронд Искандар ва гўйӣ ба худ омад, ки каф ба ҳам зад: «Баланд бинавоз!»
Ва баланд бинавохтанд. Базм осмонкаф шуд, базми искандарӣ:
машшоқон оҳангҳойи шўх менавохтанд, гетерҳо домон хиргоҳ карда юнонӣ мерақсиданд ва шонаҷунбонӣ доштанд ва ҳаргоҳ пуршаст миён камонак карда сар пушт меандохтанд. Бо ҳазор ишваву ноз низомиёнро ба ваҷд меоварданд ва онҳо худдорӣ карда натавониста ба майдони рақс меомаданд. Шоҳи ҷавон хеле мехост бо Тойиси соҳибҷамол бирақсад, бо чӣ сабабҳое худдорӣ мекард.
Протейи писари Ланика, ки дар бодахорӣ ва бардошт афзалтар аз ҳама буд, дурўғин калавида, ҷоми саршор сўйи Искандар баланд кард:
— Пирўзӣ муборак!
Искандар низ ҷом бардошт аз он сўй ва садойи ҷанги ҷомҳойи зиёд боло шуд ва ҳамвора нўшбод мегуфтанд аз саодату пирўзиҳойи шоҳи ҷавон ва таманнойи чирадастӣ бар ҷанги Порсро доштанд:
— Шикастнопазир бувад сипоҳи мақдунӣ!
Ва ҳама нўшбодҳо миёни оҳангҳо гуфта мешуданд. Гетерҳойи соҳибҷамолу боҳунар даври домони хиргоҳзада бо кафи дастон пахш карда, бозмеистоданд ва нўшбоди кўтоҳи дўстонро гўш дода, хушоянд ё нохушоянд будани суханро аз чеҳраву ҳаракоти чашму абрўйи шоҳ дарёфта, боз ба рақс меомаданд. Искандар ба он раққосайи сияҳчардайи монанд ба Тойис имшаб чандон эътибор надода, дида аз андоми зебо, ҳунари воло ва нозу адойи раққосайи отинӣ барнамегирифт. Ҳолиё ба сараш зад, ки Тойис бояд тамоми умр ҳамроҳу ҳамсафар бошад лашкаркашиҳойи ўро.
— Агар ду тан миёни сипоҳи мақдунӣ ба сони Тойиси Онаниюс будӣ, лашкар рўҳафтода нашудӣ, пирўзӣ насиби мақдуниён будӣ!
Ҷовидона бод ҳунар! Зинда бод Тойиси боҳунар!
Садойи ҷарангосӣ ва ногаҳонийи шоҳи ҷавонбахт хомўш гардонд оҳангро ва Тойиси соҳибҷамолу боҳуш ва ҳунарвари беҳамто сар андохт ҷониби шоҳ ва нигоҳаш гўё оташе зад бар ҷону ҷигари Искандар. Ва ў ҷоми искандарӣ ҷониби падари доройи духтар ёзида афзуд: «Давлати Онаниюси хушсаховат пойдор бод!»

  1. Романи философийи Ксенофонт аз ҳаёти Куруши Кабир.
пешина
аз 390
навбатӣ