Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ту бояд ҳамроҳи ман бошӣ, Тойис – дасти рост ба камари раққоса, чарху давр гашта, фармуд Искандар.
— Ман ҳамроҳи шумоям, шоҳам, – чунон нарму нафис садо баровард духтар, ки бехи гўши шоҳ нафаси гарм расид.
— Ин дамро дар назар надорам, Тойис... Манзурам юриши Порс бошад.
— Юриши Порс кай мешавад? Чӣ гуна мешавад?
— Пасфардо.
— Ба чӣ намуд?
— Ба тариқи кишваркушойӣ...
Зери зарбу бами садойи оҳанги хуш гирд мегаштанд онҳо ва Тойис мехост зиёд пурсон шавад; ҳам ба шевайи шоҳ одат кунад ва ҳам мақсаду мароми ўро донад.
— Шоҳ имон доранд, ки бойиси бадномӣ нагардад ин юриш?
— Чун?
— Яъне, қасду қасос набошад ва мардум нагўянд ва фардойиён таъна назананд, ки Искандар ба сўхторҳойи Отин ва харобаҳойи Юнону Мақдуниё ҷавоб гуфт?
— Душвор аст пешгўйӣ кардан, магар Аристандр..
— Кист Аристандр?
— Коҳин, раммол...
— Ай шоҳи боақлу рой! Пас бипурс, то фардо бойиси маломат нагардӣ!
— Осуда бош, Тойиси нозанин. Шоҳ донад чӣ гуфтанро ва чӣ карданро... Аввал ҷой бубинад, пасон пой биниҳад.
— Шамшери шоҳ бурро ва теғи ў гузаро бод!
Искандар чунин дархости духтарро киноя дониста ва андаке суст гашта, пойи рақс боздошт ва дергоҳ ба чашмони гетер нигарист ва даст аз камари борики ў баргирифт. Тойис пиндошт, ки ҳарфи ў хуш омад шоҳи ҷавонро, аз ин рў ба ҷойи миннатдорӣ чунин рафтор дорад ва забони сухан надорад. Вале шоҳ аз фикр гузаронад, ки чаро духтари тоҷири отинӣ ҳама масъалаву мушкилаҳоро як сў гузошта сабаб ва мақсади ба Порс юриш кардани ўро пурсон аст. Андарунаш ғулғула кард, вале тасмим гирифт, ки ҷуз ҳамроҳ бурдан чорайи дигаре надорад ин духтар. Ва пурсон шуд:
— Тойис, аз падарат иҷозат бипурсам ё худ рухсат мегирӣ?
Духтар андаке пас рафт. Яке аз раққосаҳо ба ў бархўрду гузашт. Тойис эътибор надод, аммо Искандар пай бурд, ки гетери сияҳчарда қасдан ин корро кард. Чун Тойис ба худ омаду матлаби Искандар дарёфт гуфт:
— Рухсат мегирам, шоҳ... Падарам тоҷир аст, аммо бофаҳм аст. Одамони оқил ва файласуфонро дўст дорад, бавижа Арастуро. Ў бе ман зиндагӣ надорад ва суханамро рад нахоҳад кард.

пешина
аз 390
навбатӣ