Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Мушкилот ин аст, ки ман духтари ягонаам ва ҳар куҷо равам, бо ман бошад.
— Яъне рухсат нашавад баройи бо мо рафтан?
— На, шавад... Магар ки ўро низ ҳамроҳ бигирем.
— Осуда бош, Тойис. Ман бо ў гуфтугў хоҳам кард.
— Рой турост.
— На. Рой турост. Агар майли бо мо рафтан дорӣ, туро бубарам бо ҳар роҳ.
— Магар зўрӣ...
— Бале. Шоҳ Искандар ҳаргиз ба зан зўрӣ накунад. Бойист, ки занон гирди ў парвона бошанд.
Тойис вонамуд кард, ки ҳарфи пасини шоҳ хуш наомад ўро.
Ноз карду карашмайи дилрабо ва сўйи падар бирафт, ки бо Олимпиада сўҳбати зебо дошт. Искандар низ аз кайфи шароб дунболи ў бирафт.
Тойис ба шоҳ нигоҳ карду ба падар, вале чизе гуфта натавонист. Шоҳи зирак пай бурд рафтори духтар ва муроди ўро, ки медонист. Рў овард ба Онаниюси тоҷир:
— Тоҷири бузург майл надоранд, ки ҳамроҳи шоҳу сипоҳ ба Порс раванд?
Тоҷир дерёз ба андеша рафт ва фаромўш кардани писар Олимпиадаро дар назар дошта, сўйи малика нигарист ва чун ишорае аз ў надид, рў ба Искандар овард:
— Сафари шоҳи ҷавонбахт бехатар бод! Чун лашкаркашиву кишваркушойӣ кори тоҷирон нест, мо ҳамроҳи Олимпиада ин ҷо бошем, хубтар аст...
Искандар миёни сухани ў сўйи модар нигарист, то аз ў чӣ ояд.
Олимпиада гўйӣ сухан бо тоҷир пазонда бошад, табассум кард.
Андаке ғаши писарро овард чунин табассуми бепарвоёнайи ў ва Искандар риштайи сухан ба дигар сў тофт:
— Тойис чӣ хоҳад кард?
Гўйӣ муроди тоҷир ин ҳарфро шунидан буд, ки сар андохт, боз сар афрохт ва рў ба Искандар овард:
— Духтари бузург аст Тойис, рой ўрост...
Искандар нигарист сўйи Тойис. Духтар сар андохт, чашм ба замин дўхт. Шоҳ баройи сабук гардонидани илоҷи кори духтар рў овард ба падар:
— Агар рой ўрост, бояд ҳамроҳи мо биравад.
Онаниюс нигарист ба духтар. Тойис ҳанўз сар ба зер медошт ва намедонист чӣ посух бидиҳад.
Олимпиадайи зирак, ки Онаниюси тоҷирро танҳо дидан мехост, илоҷи кори эшон меҷуст:
— Ман дарёфтам, ки писари яккаву ягонаам дар мусофират бе Тойиси нозанин дилгир мегардад. Дурӣ аз ёру диёр ғаму андўҳ ва гирифти зиёд дорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо