Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Охир, ў падари ман аст..
— Ман инро аз ту хубтар донам...
— ... Магар...?
— На! На он чизе ки ту андеша мекунӣ... Муроди ман ин нест...
Ва баройи ман фарқе надорад, ки ту ўро дўст дорӣ ё на. Муроди ман, армони ман он аст, ки ту ҷангҷў, пархошгар, хунхор набошӣ.
— На, модар. Ман хунхорӣ накунам. Мехоҳам дар олам адолат бошад, халқон осуда зиндагӣ кунанд.
— Пас баройи чӣ ба ҷанги Порс меравӣ?
— Ин воми ман аст. Гоҳе ки харобаҳойи Отинро мебинам, дилам мегиряд... Гумон дорам, ки ин корро ҷуз писари шумо касе карда натавонад.
— Агар ту писари манӣ, ин корро набояд кунӣ. Азоби ҷангро модарон мекашанд, на онҳое, ки меҷанганд. Ҷангхоҳон набардро бозӣ мепиндоранд, бавижа шоҳон, ки худашон ба овардгоҳҳо намераванд. Онҳо тамошогаранд. Гумон мекунанд, ки ду хурўс, ду гов ва ё ду саг ба ҳам меҷангад ва эшон тамошо мекунанд ва лаззат мебаранд.
— Чаро чунин гумон доред, модар?
— Ман бароят бисёр афсона хондаам: афсонаҳои Зевс, Геракл, Ахилл ва бисёр қиссаҳойи худоёну нимхудоёну қаҳрамонони Юнонро гуфтаам... Муроди ман ин набуд, ки ту мисли онон ҷангҳо бикунӣ. Ғаразам ин буд, ки аз он шунидаҳо панд бигирӣ, сабақ омўзӣ ва бар зидди ҷангу пархош бошӣ...
Искандар сар андохт, хеле андешид ва рў овард ба модар:
— Мефаҳмам андешаҳойи туро... лекин ман дигар ҳунар надорам...
— Ман бароят Арастуро баргузидам, ки шояд пайгир шавӣ...
— Ман ҳама навиштаҳойи Устодро азбар кардам, аммо ба муроди ман нест. Дар вуҷуди ман хуни Файлақус ҳаст.
— Не-не-не!!!
Искандар як қад парид аз садойи гўшхароши модар ва ҳайратзада бозмонд, ки ин ҳарфи ў чӣ маънӣ дорад. Рангаш парид ва сўйи модар беҳаракат чашм дўхт. Пас сар ҷунбонд.
— Чӣ, Файлақус падари ман нест?
— Ман нагуфтаам, ки Файлақус падари ту ҳаст ё на. Ман гуфтам, ки ту ба ў монанд мабош! Хунхор машав!
— Ман хунхор нахоҳам шуд, модар. Ман ба ҷустуҷўйи Оби Ҳаёт хоҳам рафт...
— Чӣ-ӣ-ӣ? Оби Ҳаёт? Чӣ гуна Оби Ҳаёт?
— Устод мефармояд, ки дар Офтобнамо Оби Ҳаёт ҳаст. Ҳар кас он обро пайдо бикунад ва бихўрад, бемаргу анўша хоҳад гашт.
Модар сар андохт, ба нўги пояш нигарист ва пурсид:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо