Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар чунин ҳолатҳо ёри роҳ ва ҳамроҳи мувофиқ мебод. Тойис хубтарин ғамхор бояд бошад Искандарро...

БаНди ДАҲУМ

Искандар ибни Файлақуси мақдунӣ, машҳур ба Искандари Сонӣ омода шуд ба сафари Порс. Шоҳ Файлақус ба ҳасрати ин сафар аз олам даргузашт. Писари ба ў монанди падари пархошҷўяш армоншиканӣ кард. Муҳайё сохт олоту афзори ҷанг: хўду зиреҳу ҷавшан, хафтону шалвори сарбозӣ, пойафзори мўкимонанд, сипару шамшеру камон, найзаву тиру нимлангу синон, манҷаниқу арродаву баргустувон, гардунаҳойи ҷангиву асбон, сарбозони сарбохтайи мақдунӣ, мамлукҳо, аскарони кирояйи юнонӣ, сипаҳсолору сипаҳбадон, коҳинону ситорашиносону фолбинҳо, гетерҳо, ҷондорони баргузидаву горди хоса ва ҳар касе, ҳар чизе, ки баройи сафар зарурат дошт.
Шўру ангезайи Искандар зиёд буд. На танҳо дар пўсти хеш намеғунҷид, ба гуфти падараш «Мақдуния баройи ў тангӣ мекард».
Гўйӣ андарунаш дастае оташи фурўзон буд. Гумонаш танҳо Оби Ҳаёт метавонист оташи фурўзони ботини ўро хомўш созад. Вагарна бардораш диҳад ва ин оташ тавонад оламро бисўзад. Бештар шуд ҳавасаш ба Оби Ҳаёт. Афсонайи Офтобнамо ва оби ҷовидона ҳушу хаёлашро дуздид, овозайи зарри Порс ақлашро бурд. Ҳоҷати баҳонаҷўйӣ нест; Искандар баҳона дорад баройи ба Офтобнамо рафтан: интиқоми дерсолайи юнониён...
Ў намеғунҷад дар пўсташ, бурун рафтан мехоҳад аз хештан.
Чун модар медонад, ки дар кўдакиаш беқарор буд, ҳамон гуна мепиндорад беқарорийи ўро ва чандон эътиборе намедиҳад. Вале чун дид, ки писараш ҳамчу мурғи посўхта рўйи хона, гирди маснад, аз назди тиреза то дари остона мераваду гирд мегардад, манаҳ бо сарангушту нарангушт месояду мепучад, андешайи зиёд дорад, парешониҳойи ўро аз беқарориҳойи кўдакона болотар мешуморад.
— Чаро ин қадар беқарорӣ, Александр? Магар боз балое бархоста?
— На, модар. На балое, на балвое... Ман мехоҳам, ки нақшаҳойи падарамро амалӣ гардонам.
— Кадом нақшаашро?
— Нақшаҳойи ҷанги Порсро.
— Баройи нангу номус ё ғарази дигар дорӣ?
— Аз орият…
— Падаратро меангехтанд, вагарна ў марде набуд, ки баройи нангу номус биҷангад.
— Медонам... Ту то абад ўро бад хоҳӣ дид...
— Магар ту нағз хоҳӣ дид?

пешина
аз 390
навбатӣ