Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
Чун дили Маҳмуд андар ҳами зулфайни Аёз.
Ва боз гуфт:
Андеша ба рафтани самандат монад,
Оташ ба синони девбандат монад,
Хуршед ба ҳиммати баландат монад,
Печидани афъӣ ба камандат монад.
Чун ҳакими Рӯён абёт ба анҷом расонид, малик гуфт:
– Донӣ, ки аз баҳри чӣ хостамат?
Ҳаким гуфт:
– Ло йаъламу-л-ғайба иллаллоҳу.1
Малик гуфт:
– Туро аз баҳри куштан овардаам!
Ҳаким аз ин сухан дар аҷаб шуд ва ҳайрон монда гуфт:
– Ба кадом гуноҳ маро хоҳӣ кушт?
Малик гуфт:
– Ту ҷосусӣ ва ба қасди куштани ман омадай. Пеш аз он ки ту маро бикушӣ, ман туро бикушам.
Он гоҳ малик сайёф2 хост ва ба куштани ҳаким ишорат фармуд. Ҳаким гуфт:
– Маро макуш, ки Худо туро накушад.
Малик гуфт:
– То туро накушам, эмин натавонам зист ва ҳаметарсам, ки бо андак чизе маро бикушӣ, чунонки чавгон ба дасти ман дода маро аз барас халос кардӣ.
Ҳаким гуфт:
– Эй малик! Подоши некӯии ман на ин аст.
Малик гуфт:
– Ночор бояд кушта шавӣ.
Ҳакими Рӯён ҳалоки хештан яқин карда маҳзун шуду бигирист ва аз некӯиҳо, ки бо малик карда буд,
1 Аз ғайб касе ба ҷуз Худованд огоҳ нест.
2 Сайёф – ҷаллод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё