Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
пушаймон гашту гуфт:
Қаҳти вафост дар бунаҳи1 охируззамон,
Ҳон, эй ҳаким, пардаи узлат2 бисоз, ҳон.
Ту ғофилу сипеҳри кушанда рақиби ту,
Фарзона хуфтаву саги девона посбон.
Он гоҳ сайёф пеш рафта, шамшер баркашид ва куштанро дастурӣ хост. Ҳакими Рӯён бигристу бо малик гуфт:
Эй бар сари халқ сояи адли Худой,
Бахшуданиям, бар мани мискин бахшой.
Пас аз он бигиристу гуфт:
– Эй малик, подоши ман на ин буд. Ту маро подош ҳамедиҳӣ, чунонки наҳанг сайёдро.
Малик гуфт:
– Чун аст ҳикояти наҳанг бо сайёд?
Ҳаким гуфт:
– Эй малик, дар зери теғ чӣ гуна тавонам ҳадис гуфт? Ту аз ман даргузар ва ба ғарибии ман бибахшой, ки Худои таоло бахшандагон бибахшояд.
Пас, дар он ҳангом, яке аз хосон пояи сарири маликро бӯса дода гуфт:
– Эй малик, аз ӯ даргузар, ки мо гуноҳе аз ӯ надидаем.
Малик гуфт:
– Агар ман ӯро мекушам, худ кушта шавам. Аз он ки касе, ки тавонад чавгоне ба дасти ман дода, аз нохушии барас наҷотам диҳад, ин низ метавонад, ки дастагуле ба ман диҳад, ки ман ӯро бӯида ҳалок шавам. Маро гумон ин аст, ки ӯ ҷосусе аст, ки ба қасди куштани ман омада. Ба ночор ӯро бояд кушт.
Чун ҳаким донист, ки ночор кушта хоҳад шуд, гуфт:
1 Бунаҳ – манзил, ошёна.
2 Узлат – гӯшанишинӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё