Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
– Ба Худо савганд, он чӣ гуфтанд, рост гуфтанд, валекин қиссаи худ ба ту баён кунам. Пас аз он фармон турост!
Пас гуфт:
– Эй халифа, бидон, ки ман аз арабҳои бодиянишинам. Вақте қавми маро қаҳтӣ пеш омад, ман бо аҳлу аёлу мол ба сӯйи ин ҷо биёмадам. Маро роҳ ба миёни боғҳои ин шаҳр афтод ва бо ман ноқаҳое1 буданд, ки ман онҳоро азиз медоштам ва дар миёни онон фаҳле2 буд касируннаслу малеҳушакл3 ва дар миёни онҳо чун малик дар миёни раият роҳ мерафт. Пас яке аз ноқаҳо сар ба сӯйи боғи падари эшон бурд ва аз девори он боғ шохи дарахте бадар омада буд, ноқа он шохро ба даҳон гирифту ӯро бишикаст. Ногоҳ шайх аз миёни боғ берун омаду аз хашм оташ аз чашмони ӯ фурӯ мерехт ва дар дасти рост санге дошту монанди шер ҳамегуррид. Пас бо он санг фаҳлро бизаду ӯро бикушт. Чун ман дидам, ки фаҳл бияфтод, оташи ғазаб дар ниҳоди ман шуълавар гашт. Ҳамон сангро бардошта, ба сӯйи он шайх бияндохтам. Он санг сабаби ҳалоки ӯ шуд ва бо он чӣ фаҳлро кушта буд, худ кушта шуд ва дар вақти расидани санг бад-ӯ фарёде баланд баровард. Ман аз он макон бигурехтам. Он ду ҷавон бар асари ман бишитофтанд ва маро гирифта, ба сӯйи ту оварданд ва дар пеши ту бидоштанд.
Умар гуфт:
– Акнун, ки ба ҷинояти худ эътироф кардӣ, туро халосӣ муҳол ва қасос аз ту фарз аст!
Он ҷавон гуфт:
– Ба ҳар чӣ имом ҳукм кунад, итоат кунам ва бар он чӣ ки шариати ислом иқтизо кунад, розӣ ҳастам! Валекин маро бародарест хурдсол, ки падар пеш аз
1 Ноқа – шутур.
2 Фаҳл – шутури нар.
3 Касируннаслу малеҳулшакл – фаровоннасли зебоандом.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё