Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
баланд баровард. Ҳакими Рӯён чун ҳолати малик бидид, гуфт:
– Эй малик, нагуфтамат:
Ҳазар кун зи дуди дарунҳои реш,
Ки реши дарун оқибат сар кунад.
Ба ҳам бармакун, то тавонӣ, диле,
Ки оҳе ҷаҳоне ба ҳам бар кунад.
Ва ҳанӯз ҳаким абёт ба анҷом нарасонида буд, ки малик даргузашт.
УМАР ВА СОҲИБОНИ ХУЛҚИ НАКӮ
Шариф Ҳусаини ибни Раббон ҳикоят кардааст, ки Умар ибни Хаттоб1 рӯзе аз барои қазоват дар миёни мардум нишаста буд ва бузургони асҳоб дар маҷлиси ӯ нишаста буданд, ки ногоҳ ҷавоне некӯшамоилро, ки ҷомаҳое латиф дар бар дошт, ду ҷавони накӯрӯйи дигар, ки бар ӯ овехта буданд, дар пеши халифа бидоштанд. Умар ибни Хаттоб ба он ду ҷавон гуфт:
– Даст аз ӯ бардоред ва ҳикояти худро бо ман бозгӯед!
Гуфтанд:
– Мо ду бародар ҳастем ва падаре доштем солхӯрда, ки дар қабоил ба бузургӣ маъруфу ба фазоил мавсуф буд. Падари мо рӯзе аз баҳри тафарруҷ ба боғе, ки дошт, берун рафт. Ин ҷавон ӯро куштааст ва мо акнун аз ту ҳамехоҳем, ки дар миёни мо ба он чӣ ҳукми Худост, ҳукм кунӣ.
Умар ба он ҷавон ба тундӣ назар карду ба ӯ гуфт:
– Туро ҷавоб чист?
Он ҷавон далеру фасеҳ буд. Табассуме карду бо фасеҳтарин забон ба такаллум2 даромад ва Умарро бо калимоти некӯ таҳийят гуфт. Пас аз он гуфт:
1 Умар ибни Хаттоб – дувумин аз хулафои рошидин (634-644).
2 Такаллум – сухан гуфтан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё