Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
Чун боғбон сухани эшон бишунид, бадраи зар ба ӯ дод. Он мард бадра бигирифт ва аз боғ бадар рафта, бигурехт. Чун омадани ӯ ба назди ёрон дер шуд, эшон ба назди боғбон рафта, ба ӯ гуфтанд:
– Чаро шона намедиҳӣ?
Гуфт:
– Рафиқи шумо аз ман ҷуз бадраи зар чизе нахост ва ман то иҷозати шумо нашунидам, бадра надодам ва ӯ бадра аз ман гирифта, берун рафт.
Чун бозаргонон сухани боғбон бишуниданд, тапонча бар сару рӯйи хеш бизаданду боғбонро гирифта, ба ӯ гуфтанд, ки:
– Мо ҷуз шона аз ту чизе нахостем ва рад кардани бадраро иҷозат надодаем!
Боғбон гуфт:
– Рафиқи шумо ҳаргиз номи шона набурд.
Пас бозаргонон он занро гирифта, ба сӯйи қозӣ бурданд. Чун дар назди қозӣ ҳозир шуданд ва қисса бар вай фурӯ хонданд, қозӣ ҳукм кард, ки боғбон ғаромат1 кашад. Он гоҳ бозаргонон бар ӯ овехта, бадраи зар ҳамехостанд.
Боғбон ҳайрон ҳамерафт ва роҳро аз бероҳа намешинохт. Кӯдаки панҷсола ҳайрати ӯро бидид, ба ӯ гуфт:
– Эй модар, аз баҳри чӣ ҳайронӣ?
Боғбон посух надод ва ӯро хурдсолу ҳақир шумурд. Он кӯдак ҳамон суолро мукаррар кард. Боғбон ба он кӯдак гуфт:
– Ҷамоате ба тафарруҷи2 боғ даромаданд ва бадраи ҳазор динори зар ба ман супурданду бо ман шарт карданд, ки то ҳамагӣ ҳозир нашаванд, ман бадра надиҳам. Пас аз он ба боғ андар шуда, тафарруҷ
1 Ғаромат – қарз, товон.
2 Тафарруч – тамошо, сайругашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё