Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
Ва аммо Икрима ба сӯйи манзили худ бозгашта дид, ки зан ӯро ҷустуҷӯ кардаву аз савории ӯ огоҳ шуда ва гумони бад ба ӯ бурда. Чун зан ӯро бидид, гуфт:
– Волии Ҷазира¹ посе аз шаб рафта танҳо берун нахоҳад рафт, магар ба сӯйи зане ё канизаке.
Икрима ба ӯ гуфт:
– Алималлоҳу,² ки ман аз баҳри ҳеҷ кадом аз инҳо, ки гумон кардаӣ, нарафтаам.
Зан гуфт:
– Маро хабар деҳ, ки аз баҳри чӣ берун рафтаӣ?
Икрима гуфт:
– Ман ин вақт берун нарафтаам, магар аз он ки касе аз кори ман огоҳ нашавад.
Зан гуфт:
– Бояд маро огоҳ кунӣ.
Икрима гуфт:
– Агар пӯшида дорӣ, бигӯям.
Зан гуфт:
– Оре, бипӯшам.
Он гоҳ Икрима қисса бар вай фурӯ хонду гуфт:
– Агар мехоҳӣ савганд ёд кунам.
Зан гуфт:
– Не, не, ки маро дил ором гирифту ба сухани ту эътимод кардам.
Ва аммо Хузайма чун бомдод шуд, вомҳо адо карду хештан ба ислоҳ овард ва ба қасди зиёрати Сулаймон ибни Абдулмалик муҳайё шуд ва он рӯз Сулаймон дар Фаластин буд. Чун бар дари ӯ биёмад, аз ҳоҷиб дастурӣ хост. Ҳоҷиб дарун рафта, иҷозат хост. Сулаймон ҷавоз дод. Чун Хузайма дар пешгоҳи халифа ҳозир шуд, ӯро салом дод. Сулаймон гуфт:
¹ Ҷазира – мамлакатест, ки диёри Бакр, Музар ва Рабиаро (Ироқи имрӯза) бо шаҳрҳои Мавсил ва Ҳаррон фаро мегирифт.
² Худо доно аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё