Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

КАРАМИ ГАВҲАРФУРӮШ

Ва аз ҷумлаи ҳикоятҳо ин аст, ки марде моли бисёр дошт. Ӯро мол талаф шуду бечиз гашт. Зани ӯ гуфт:
– Аз порае дӯстон чизе таманно кун!

Он мард ба назди яке аз дӯстон рафт ва парешонии худ ба ӯ бозгуфт. Он дӯст понсад динор зари сурх ӯро вом¹ дод, ки бо ӯ байъу широ кунад ва он мард гавҳарфурӯш буд. Зарҳо гирифта ба бозори гавҳарфурӯшон рафт ва дар дукони падар ба байъу широ бинишаст. Рӯзе аз рӯзҳо се мард пеши ӯ омаданд ва аз худованди қадими дукон бипурсиданд. Он мард гуфт:
– Худованди қадими дукон падари ман буд ва акнун вафот ёфта.

Гуфтанд:
– Касе мешиносад, ки писари ӯ ҳастӣ?

Гавҳарфурӯш гуфт:
– Ҳама мардумони бозор гувоҳанд, ки ман писари ӯям.

Пас гавҳарфурӯш мардумро ҷамъ овард ва эшон гувоҳӣ бидоданд, ки ин гавҳарфурӯш фалонро писар аст. Пас он се мард хурҷине бадар оварданд, ки баробари сӣ ҳазор динор гавҳарҳову нигинҳои гаронбаҳо дар он буд. Гуфтанд:
– Инҳо аз падари ту дар назди мо амонат аст.

Пас онҳо бозгаштанд. Он гоҳ зане биёмад ва аз он гавҳарҳо гавҳареро, ки понсад динор арзиш дошт, муштарӣ шуд. Гавҳарфурӯш ӯро ба се ҳазор динор бифурӯхт. Пас аз он бархоста понсад динор, ки вом гирифта буд, бардошта ба сӯйи садиқи² худ бурду ба ӯ гуфт:
– Ин понсад динор воми худ бигир, ки Худои таоло кор бар ман осон кард ва маро кушоиш ато фармуд.

1 Вом – қарз.
2 Садиқ – меҳрубону вафодор, дӯсти самимӣ, қадршинос.

пешина
аз 92
навбатӣ