Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

– Ин писар дузд аст ва мо ин писарро дӯш дар манзили худ гирифтем.

Чунон Холид ба сӯйи он писар назар кард, аз ҳусну назофати ӯ шигифт монд. Дарҳол маконро хилват карду он писарро ба наздики худ хонда, аз қиссаи ӯ суол кард. Он писар гуфт:

– Ин ҷамоат рост мегӯянд ва кор ҳамон аст, ки гуфтанд.

Пас Холид гуфт:

– Туро ба ин сурати ҷамил чӣ бар ин кор бидошт?

Он писар гуфт:

– Тамаъ дар мол ба ин корам бидошт ва аз қазои Ҳақ натвон гурехт.

Пас Холид ба ӯ гуфт:

– Модарат ба азои ту биншинад, магар туро ба ин накӯию ҷамол ва хирадмандию камол манъкунандае набудааст, ки туро аз дуздӣ манъ кунад?

Он писар гуфт:

– Эй амир, ин суханон бигузор ва он чӣ ки ҳукми Парвардигор аст, ҷорӣ кун, ки подоши амали ман ҳамин аст ва Худо ҳеҷ бандаеро ситам накунад.

Пас Холид соате ба фикрат фурӯ рафту дар кори он писар ҳайрон буд. Он гоҳ ба ӯ гуфт:

– Эътирофи ту дар миёни мардум маро ба тардиду ташкик ҳамеандозад, вагарна, ман ба ту гумони дуздӣ намебарам, шояд туро ба ҷуз сирқат ҳикояте бошад. Агар туро ҳикояте ҳаст, ба ман бозгӯ!

Он писар гуфт:

– Айюҳаламир, ба ҷуз он чӣ эътироф кардам, чизе ба хотират роҳ мадеҳ, маро ҳеҷ гуна қиссае нест, ки ӯро шарҳ диҳам, магар ин ки ман ба хонаи онҳо дохил гашта, дуздӣ кардам. Эшон маро бидиданду бигирифтанд ва ба назди ту оварданд.

Чунон Холид суханони он писар бишнид, фармуд, ӯро зиндон карданд ва мунодиро амр кард, ки дар Басра нидо дардиҳад ба ин ки: Ҳар кас дӯст медорад, ки ба

пешина
аз 92
навбатӣ