Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
ҲИШОМ ВА КӮДАК
Ва низ ҳикоят кардаанд, ки Ҳишом ибни Абдулмалик ибни Марвон1 рӯзе аз рӯзҳо ба нахҷиргоҳ оҳуе бидид ва аз пайи он равон гашт. Дар он асно чашмаш ба кӯдаке аз кӯдакон бияфтод, ки гӯсфанд ҳамечаронид. Пас Ҳишом порае аз ғуломонро фармуд, ки:
– Ин кӯдакро гирифта, назди ман биёред!
Он кӯдак сар бар карда, ба Ҳишом гуфт:
– Рутбати баргузидагон нашинохтӣ ва ба ман ба чашми ҳақорат назар кардиву маро хурд шумурдӣ. Гуфтори ту чун гуфтори мулук бувад, вале туро кирдор ба кирдори чорпоён ҳамемонад.
Пас Ҳишом ба ӯ гуфт:
– Вой бар ту, магар маро намешиносӣ?
Он кӯдак гуфт:
– Шинохтам, вале бас беадаб ҳастӣ, ки пеш аз он ки ба ман салом диҳӣ, бо ман сухан гуфтӣ.
Ҳишом гуфт:
– Вой бар ту, ман Ҳишом ибни Абдулмалики Марвонам!
Кӯдак ба ӯ гуфт:
– Худо туро фузунӣ надиҳад ва туро ба мақсад нарасонад! Сухан гуфтани ту бештару ҳурмат доштани ту камтар аст.
Пас, ҳанӯз кӯдакро сухан ба анҷом нарасида буд, ки ғуломҳо аз ҳар сӯ омаданд ва ҳар як аз эшон мегуфт:
– Ассалому алайка, айюҳалхалифа!
Ҳишом ба эшон гуфт:
– Ин сухан кӯтоҳ кунеду ин кӯдак нигоҳ доред!
Он гоҳ ғуломон кӯдакро гирифтанд. Чун он кӯдаки араб бисёрии лашкар бидид, ба эшон сухан нагуфт ва аз эшон чизе напурсид, балки сар пеш андохта, биёмад, то
1 Ҳишом ибни Абдулмалик ибни Марвон (691-743) – халифаи даҳуми сулолаи Умавиҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё