Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ФарҳангАдабиётҲикоя
Аз аввал хондан

– Мехоҳам аҷибтарин воқеае, ки дар замони вилояти ҳар як аз шумо рӯй дода, барои ман баён кунед.

Волии Қоҳира гуфт:

– Айюҳалмалик, аҷибтар ҳикояте, ки дар айёми вилоят ба ман рӯй дода, ин аст, ки дар ин шаҳр ду мард буданд, ки ба куруху1 димоъву2 ҷароҳоту амвол шаҳодат медоданд ва гувоҳии эшон басе муътабар буд, вале эшон ба дӯстии занону ба майгусорӣ ҳарис буданд ва ман ба ҳеҷ ҳилат бад-эшон роҳ намеёфтам, ки эшонро гирифта интиқом бикашам. Пас, ба ман бодафурӯшон ва худовандони хонаҳое, ки аз барои фасод муҳайё буд, бисупурдам, ки вақте он ду одил дар маконе ба бодагусорӣ бинишинанд, хоҳ бо ҳамдигар бошанду хоҳ танҳо, маро огоҳ кунанд ва аз ман пӯшида надоранд. Иттифоқан, дар яке аз шабҳо марде пеши ман омаду ба ман гуфт:

– Эй волӣ, он ду одил дар фалон кӯча ба фалон хона андаранд, ки мускир3 ҳамехӯранду мункар4 ҳамекунанд.

Пас ман бархоста, бо ғуломи худ пинҳонӣ ба сӯйи эшон бирафтам ва ҳамерафтам, то ба дари хона бирасидам. Дар бикӯфтам, канизаке бадар омада, аз барои ман дар бикушод ва ба ман гуфт:

– Ту кистӣ?

Ман ҷавоб рад накарда, ба хона андар шудам. Он ду одилро дидам, ки бо худованди хона нишаставу шоҳиду шароб дар пеш доранд. Чун маро бидиданд, бархоста, ба ман таъзим карданд ва маро дар садр ҷой доданду гуфтанд:

– Офарин ба меҳмони азизу надими зариф!

1 Курух – захм, ҷароҳат.
2 Димоъ – афсун, макр, найранг.
3 Мускир – чизи кайфу нашъабахшанда.
4 Мункар – кори зишту қабеҳ.

пешина
аз 92
навбатӣ