Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

– Худованди ин хона мани мискинам, ки ҳаводиси рӯзгор маро ба ин рӯз андохта, валекин сухани Пайғамбар, алайҳиссалом, ибратгирандагонро мавъизатест балеғ, ки он ҷаноб фармуда: «Худойро фарз аст, ки дар ин рӯзгор ҳеҷ касро баланд накунад, магар ин ки ӯро паст гардонад». Пас, агар мақсуди суол кардан аз сабаби ин кор аст, аз ҳодисоти рӯзгор ин корҳо аҷаб нест. Бидон, ки ман худованди ин хона будам ва ғуломони моҳрӯву канизакони зуҳраҷабин маро буданд. Лекин рӯзгор рӯй аз ман бигардонид ва канизакону зару моли маро бибурду маро бад-ин ҳолат бигузошт ва ҳодисоте, ки дар назди рӯзгор пӯшида буд, рӯй ба ман оварданд. Вале ин суоли ту сабаби аҷибе дорад, сабаб ба ман бозгӯй ва тааҷҷуб ба як сӯ бинеҳ!
Он мард тамомати қисса ба ӯ бозгуфту ба ӯ гуфт:
– Акнун туро ҳадяте овардаам ва қимати он зарфи зарринро, ки сабаби бениёзии ман шуд ва пас аз харобӣ боиси ободонии ман гардид, аз баҳри ту овардам.
Он мард, чун ин сухан бишунид, сар биҷунбонид ва бигиристу бинолиду гуфт:
– Эй фалонӣ, гумон мекунам, ки ту девона бошӣ, аз он ки чунин сухан аз оқил сар намезанад. Чӣ гуна мешавад, ки саге аз сагони ман зарфе заррин ба ту дода бошад ва ман қимати он зарфро аз ту бозпас ситонам? Агар ман аз гуруснагӣ бимирам, ба инъоми саги худ боз нахоҳам гашт. Ба Худо савганд, ҳадяти туро напазирам! Ба саломат ба шаҳри худ боз гард.
Пас он мард пойи ӯро бӯса дода, сано гуфт ва видоъаш карда, боз гашт ва ҳангоми видоъ ин байт бархонд:
Эй Худо, ту мунфиқонро деҳ халаф,
Эй Худо, ту мумсиконро деҳ талаф.

пешина
аз 92
навбатӣ