Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
малик дилозурда берун рафту савганд ёд кард, ки то зинда аст, ба манзили касе қадам наниҳад ва дар кӯҳҳову биёбонҳо ба сар бурд ва ҳамчунон мекард, то ин ки бимурд.
ШАЙХИ НОБИНО
– Шунидаам, ки бозаргоне худованди мол ба шаҳрҳо сафар мекард. Рӯзе ба шаҳре сафар карда, аз касоне, ки бар он шаҳр огоҳӣ доштанд, пурсид, ки:
– Кадом матоъ дар он шаҳр суди бисёр дорад?
Гуфтанд:
– Чӯби сандал.1 Бозаргон тамомати молро чӯби сандал харида, ба он шаҳр сафар кард ва ҳангоми ғуруб бад-он шаҳр расид. Аҷузеро дид, ки гӯсфандоне чанд ҳамебарад. Аҷузро чун ба он бозаргон назар афтод, ба ӯ гуфт:
– Эй мард, ту кистӣ?
Гуфт:
– Мардеам ғарибу бозаргон.
Аҷуз гуфт:
– Эй мард, аз мардумони ин шаҳр барҳазар бош, ки маккору дузд ҳастанду ғарибон бифиребанд ва моли эшонро бихӯранд. Маро бар ғарибии ту раҳмат омада, панде гуфтамат, вассалом!
Пас, чун бомдод шуд, марде аз аҳли шаҳр бозаргонро мулоқот карда, саломаш дод ва ба ӯ гуфт:
– Ё саййидӣ, аз куҷо омадаӣ?
Бозаргон гуфт:
– Аз фалон шаҳр омадаам.
Пурсид:
– Чӣ овардаӣ?
Гуфт:
– Чӯби сандал овардаам, ки шунидаам ӯ дар ин шаҳр қимате гарон дорад.
1 Сандал – дарахти ҳамешасабзи хушбӯю давоӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё