Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

АдабиётҲикояФарҳанг
Аз аввал хондан

аст, вагарна, дияти чашми ман бояд бидиҳӣ! Он гоҳ ҳар ду чашм баробар нахоҳад шуд ва он марди ғариб дияти чашми худро аз ту бигирад ва ту аз ҳар ду чашм нобино шавӣ ва ӯро як чашм бар ҷой хоҳад монд.

Пас, марди аъвар донист, ки мағлуб хоҳад шуд. Он гоҳ порадӯз пеш омада, гуфт:
– Эй шайх, имрӯз марде ғариб назди ман омада кафш ба ман доду гуфт:
– Инро ислоҳ кун!
Ман музд хостам. Гуфт:
– Чизе диҳам, ки розӣ шавӣ ва ман то ҳамаи моли ӯро нагирам, розӣ нахоҳам шуд!

Шайх гуфт:
– Агар он марди ғариб бихоҳад, ки кафш аз ту бигирад ва чизе ба ту надиҳад, метавонад гирифт.

Порадӯз гуфт:
– Чӣ гуна метавонад гирифт?

Шайх гуфт:
– Ба ту мегӯяд, ки душмани султон шикаст ёфт ва бадхоҳонаш ба меҳнат гирифтор гаштанду сипоҳи ӯ мансур гардид. Оё розӣ шудӣ ё на? Агар гӯйӣ, розӣ шудам, кафши худро гирифта, боз хоҳад гашт ва агар бигӯйӣ, розӣ нашудам, кафшро гирифта бо он ба қафову рӯйи ту бизанад.

Порадӯз чун ин сухан бишнид, донист, ки мағлуб хоҳад шуд. Пас аз он марде, ки бо бозаргон қимор бохта буд, гуфт:
– Эй шайх, касеро мулоқот карда бо ӯ гарав бастааму бад-ӯ чира гаштаам ва ба ӯ гуфтам, ки: Ё оби дарё бинӯш, ман аз моли худ берун шавам ва ё ту аз ҳамаи моли худ берун шав.

Шайх гуфт:
– Агар бихоҳад бар ту ғалаба кунад, тавонад кард.

Он мард гуфт:
– Чӣ гуна ғалаба тавонад кард?

Шайх гуфт:

пешина
аз 92
навбатӣ