Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
– Ин биҳӣ аз куҷост, ки ман низ бихарам,
Бихандиду гуфт:
– Ин биҳиро аз маҳбубаи худ гирифтаам. Чанд рӯз буд дар сафар будам, чун биёмадам, маҳбубаро ранҷуру низор ёфтаам ва се дона биҳӣ дар болин дошт, яке ба ман дода, гуфт:
– Шавҳари қалтабони1 ман инҳоро аз Басра оварда.
Чун сухани ғулом бишнидам, ҷаҳон ба чашмам тира шуд. Дукон барчида ба хона омадам. Аз ғояти хашм ақлу шуур аз ман рафта, ба сони девонагон будам. Дидам, ки ду дона биҳӣ дар сари болини духтар аст. Аз биҳии севумин ҷӯё шудам, духтар гуфт:
– Надонистам чӣ кас бардоштааст?
Ман сухани ғулом рост пиндоштам. Корде баргирифта, ба фарози синаи духтар нишастаму ӯро бикуштам ва ба гилем-андар печида, ба сандуқ ниҳодам ва сандуқ бар астаре ниҳода бурдам ва ба Даҷлааш дарафкандам. Эй халифа, зудтар маро бикуш ва қасос аз ман биситон, ки ман басе бим аз мукофоти рӯзи растахез дорам. Ба сабаби ин ки чун ман сандуқ бар Даҷла афканда бозгаштам, писари меҳтари2 худро дидам, ки гирён аст. Сабаби гиря пурсидам ва ӯ аз моҷарои модараш огоҳ набуд, гуфт:
– Биҳие аз се дона биҳӣ, ки дар болини модар буд, бигирифтам ва ба кӯча андар бозӣ мекардам, ғуломи сиёҳи баландболое биҳӣ аз ман биситад ва гуфт:
– Ин биҳӣ аз куҷо овардай?
Ман гуфтам:
– Модарам ранҷур аст, падарам ба Басра рафта, се дона биҳӣ ба се динор харида овардааст, ки модарам эшонро бибӯяд.
Ғулом ба сухани ман гӯш надод, биҳӣ аз ман рабуда, бирафт. Ман аз бими модар гирёнам.
1 Қалтабон – разил, номусфурӯш.
2 Меҳтар – калонтар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё