Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Алғараз, малик ба уҷбу кибр ҳамерафту аз бузургию ҳишмат дар ғояти кибру уҷб ба сӯйи касе нигоҳ намекард, ки ногоҳ марде, ки ҷомае куҳан дар бар дошт, ҳозир гашта дар баробари малик биистод ва маликро салом дод. Малик ҷавоб нагуфт. Дарҳол он мард лигоми асби малик бигирифт. Малик ба ӯ гуфт:
– Даст бардор, магар намедонӣ, ки даст ба лигоми асби кӣ биниҳодай?

Он мард гуфт:
– Маро ба ту ҳоҷате ҳаст!
Малик гуфт:
– Сабр кун, то аз асб фуруд оям, он гоҳ ҳоҷати худ бигӯ!

Он мард гуфт:
– Ҳоҷати ман махфист ва ӯро нахоҳам гуфт, магар ба гӯши ту.
Малик гӯш пеш бурд. Он шахс ба малик гуфт:
– Ман Малакулмавтам ва акнун ҳамехоҳам, ки рӯҳи туро қабз1 кунам.

Малик гуфт:
– Маро чандон муҳлат деҳ, ки ба хонаи худ бозгардаму фарзандону пайвандони худро видоъ кунам.
Малакулмавт гуфт:
– Ҳайҳот, ту ба сӯйи хона бознахоҳӣ гашт ва фарзандону пайвандон ҳаргиз нахоҳӣ дид, ки туро умр ба поён расида.

Пас Малакулмавт рӯҳи маликро қабз кард ва малик аз пушти асб бияфтод. Малакулмавт аз он ҷо гузашта, ба марде накӯкор расид ва ӯро салом дод. Ӯ радди салом кард. Малакулмавт гуфт:
– Эй марди солеҳ, маро ба ту ҳоҷате ҳаст махфӣ.
Он марди солеҳ гуфт:
– Ҳоҷати худ ба гӯши ман бигӯ!

1 Қабз – тасарруф, забт кардан.

пешина
аз 92
навбатӣ