Зеҳн
Кафши тиллоӣ

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳо ва афсонаҳоро дар бар мегирад. Дар он асарҳои бадеӣ барои хонандагон пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 25 саҳифа

АфсонаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

– Аз ту мехоҳам, ки ба ман кафши тиллоие, ки бол дораду парвоз мекунад, пайдо кунӣ. Баъд метавонам туро ба ҳамсарӣ гирам.

Ҷек, ки ҳусну сурати вайро дида, тасхир шуда буд, каме фикр кард ва гуфт:

– Майлаш, қабул мекунам!

Онҳо ба ҳам даст доданд. Ҷек шаҳр ба шаҳр дар ҷустуҷӯйи кафши тиллоии болдор гашт, аммо пайдо накард. Дар сари ӯ фикри дигаре зад, ки метавонад кафши тиллоиро бо дастони худаш бисозад. Ӯ ду хишт тилло оварда, онро ба мисли кафш тарошид. Дастони ӯ харош хӯрда, аз онҳо хуни зиёде мерафт, вале кӯшиш кард ки кафшро то охир бисозад. Кафши тиллоиро ба охир расонд, вале бол надошт. Нороҳат нашуд, зеро аз дасти ӯ ҳамин қадар кор бармеомад. Бо дастони хунин кафшро гирифта, ба назди Белла рафт. Онҳоро нишон дода гуфт:

– Ман бо дастони худам ин кафшро сохтам, вале бол надорад, оё ту розӣ ҳастӣ маро ба ҳамсарӣ қабул кунӣ?

Бо дидани дастҳои захмини Ҷек, ки аз онҳо ҳанӯз хун ҷорӣ буд, дар чашмони Белла...ашк пайдо шуд ва аз гӯшаи чашмонаш берун омада, ба рӯйи дастони захмини Ҷек афтоданд. Дигар худро дошта натавонист ва Ҷекро ба оғӯш гирифта гуфт:

пешина
аз 25
навбатӣ