Зеҳн
Кафши тиллоӣ

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳо ва афсонаҳоро дар бар мегирад. Дар он асарҳои бадеӣ барои хонандагон пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 25 саҳифа

АфсонаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

САЙРУГАШТ ДАР ДИСНЕЙ
(Ҳикояи фантастикӣ)

Хоб будам, ногаҳон садои одамон ба гӯшам расид. Чашмонамро боз кардам, дар олами рӯъёҳо сайр мекардам. Дар таги дарахт будам, олами мисли филмҳои тасвирӣ ба назар мерасид. Ҳамон филмҳои тасвирие, ки тамошои онҳоро бисёр дӯст медоштам. Дар гирду атроф қасрҳо, дарёчаҳо, гулҳо ва дарахтони зебо ба назар мерасиданд. Дар он ҷо шоҳдухтар Сафия, шоҳдухтар Белла, шоҳдухтар Золушка ва дигар шоҳдухтарони Дисней бо шоҳзодаҳои худ дар гаштугузор буданд.

“Оё ман хоб дида истодаам?” – пурсидам аз худ.

Ба рӯям сахт шаппотӣ задам, то ба худ биоям. Эҳсоси дард кардам. Маълум шуд, ки хоб набудаам.

Аз ҳаяҷони зиёд намедонистам, чӣ кор кунам.

Ба назди шоҳдухтар Сафия рафтам, ки бо шоҳдухтар Эмбер дар сӯҳбат буд. Аз шоҳдухтар Сафия пурсидам:

– Шумо метавонед ба ман ёрӣ расонед, зеро роҳи хонаамонро гум кардам.

– Духтараки зебо, ман чӣ тавр метавонам ба ту кӯмак расонам? – Номи ту чист? – пурсид Сафия.

– Номи ман Ҳидоят.

– Хонаи шумо дар куҷои Дисней ҷойгир аст?

– Хонаи мо дар Дисней нест.

– Пас дар куҷо аст?

пешина
аз 25
навбатӣ