Кафши тиллоӣ

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳо ва афсонаҳоро дар бар мегирад. Дар он асарҳои бадеӣ барои хонандагон пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 25 саҳифа
– Хонаи ман дар Тоҷикистон аст.
– Тоҷикистон? – Сафия бо тааҷҷуб пурсид.
– Давлати мо Тоҷикистон ном дорад, – гуфтам дар ҷавоб.
– Дар ин ҷо ягона давлат Дисней мебошад! Давлате бо номи Тоҷикистон вуҷуд надорад.
Аз ҷавоби ӯ хеле нороҳат шудам. Ба сару либоси худ назар афкандам. Либосҳои шоҳдухтар ба бар доштам. Ба дастонам нигоҳ кардам. Дастонамро мисли дастони одамони филмҳои тасвирӣ дидам. Мехостам, ки рӯямро ҳам бинам, аммо оина надоштам.
Аз Сафия пурсидам:
– Оина ҳаст, то ки рӯямро бубинам?
Сафия оиначаро аз кифаш бароварда ба дасти ман дод.
Дар ҳаяҷон будам. Вуҷудам меларзид. Метарсидам, ки ба оина нигарам. Бим мебурдам, ки рӯям низ тағйир ёфтааст. Чашмонамро пӯшидам. Як чашмамро боз кардам, кош намекушодам, зеро рӯям ҳам мисли қаҳрамонҳои филмҳои тасвирӣ шуда буд. Бо дидани сурати худ аз ҳуш рафтам. Вақте чашмонамро боз кардам, Сафияро дар болои сарам дидам. Дар хонаи ӯ қарор доштам. Ҳайрон-ҳайрон ба ашёҳои гирду атроф нигаристам. Тамоми ашё ба назарам аҷиб менамуд, мислашро то кунун надида будам. Мехостам аз ӯ чизе пурсам, аммо овозам берун намеомад. Лабҳоям парсин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё